home Коронавирус: Овозаҳо ва ҳақиқат «Шохидони зуроварии хонаводаги ба кучо мурочиат намоянд». Коронавирус: Овоза ва хакикат № 10.

«Шохидони зуроварии хонаводаги ба кучо мурочиат намоянд». Коронавирус: Овоза ва хакикат № 10.

Ин шабро Матлуба хамрохи  фарзандонаш дар куча руз кард.  Зеро онхо  аз манзиле ки зиндаги доштанд,  бароварда  шуданд. Матлуба   дигар  хона  надоранд.   Корманди бахши фарханги нохияи Восеъ, Матлуба Иззатова хамрохи панч фарзанди ноболигаш бе хона монд. Рузи 21 уми  август, дар ин хонае, ки   зиндаги доштанд, Матлуба мегуяд, ки  бо карори суди нохияи Балчувон   онхоро   бо  ашё ва чизу чораашон     аз хона бароварданд.       Дар ин хона Матлуба муддати 14 сол боз зиндаги доранд. Ин солхо, андози хона ва дигар андозхои ичтимоиро саривакт пардохт кардааст.  Соли 2013 ум зимистон хона кариб ки пурра сухта буд. Онро Матлуба таъмир карда аз нав баркарор кард. Манзили истикоматии У коммунали, давлати буд.Лекин барои ба номаш хуччат кардани хона кушишхояш натича надоданд.   Шавхари Матлуба  ба мухочирати мехнати, ба федератcияи Россия  рафта,  муддати шаш сол мешавад, ки Матлуба ва кудаконашро намепурсад.  Кудакони ноболиг дар тарбияи Модар  хастанд.

Матлуба бо махонаи корманди бахши фарханги нохияи Восеъ, рузгори кудаконашро пеш мебарад.  Чор нафар кудакони У мактабхон хастанд. Матлуба  намедонад, ки ояндаи кудаконашро чи интизор аст. Дар хусуси он ки такдири Матлуба ва кудаконаш чи мешавад, онхо чизе намедонанд. Намедонанд, ки дар чунин холат ба кучо ва  ба   ки мурочиат намоянд.  Дар ин хусус, хато ба чои кораш хабар надодааст. Бо хамин савол, мо ба чои кори Матлуба, омадем. Бо раиси кумитаи итифоки касабаи идора  хамсухбат шудем. Дар хусуси  ин   холати худ, Матлуба  ба хукушиноси давлати  Курбон Ситамов  хам   мурочиат намуда буд.   Ин ходисае, ки дар хаёти Матлуба ва кудаконаш рух доданд, оё  аз чониби шавхари  У  як намуди зуровари нисбати  зан ва кудакон буда метавонад? Зуровари гуфта чиро мегуянд?,   Мавзуъи  ин  семинари омузиши  мохи июл  ин  занони шахраки Хулбукро ба хам овард.   Ба ин семинар Матлуба даъват нашудааст.  Лекин иштирокчиёни он оиди   мавзуъи пешгирии зуровари дар оила,  андешахои худро баён доштанд. Иштирокчиёни семинар атрофи баробархукукии мардону занон, пешгирии зуровари дар оила сухбат намуда, дар ин самт  рохои расидан  ба чомеъаи комилро баён карданд. Кахрамони гузориши мо Матлуба, гумон надошт, ки  рузе мерасад, ки  У дар  чунин холати ногувор  мемонад.    Мушкилоти ин оиларо ки хал мекунад?   Ин саволе мебошад, ки Матлуба чавоби онро намеёбад.

 

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *