home Руйдодхо Сохтмон: Иншооти чашни — Восеъ

Сохтмон: Иншооти чашни — Восеъ

Дар нохияи Восеъ, чамоати дехоти ба номи Худоёр  Рачабов, дар дехаи Осмонбика назди муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №23 сохтмони  бинои нави таълими дар арафаи анчомёби  аст. Иншооти мазкур  бахшида ба чашни 30 солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон  бо пешниходи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия ва чалби сохибкорони махалли сохта шуда, аз 10 синфхона иборат мебошад.

Дар бинои нави таълими  барои машгулиятхои дарси  шароитхои мусоид  фарохам, оварда шудаанд. Синфхонахо таввасути системаи ягонаи буги бо гарми таъмин мешаванд. Бугхона  бо истифодаи ангишт гарм карда мешавад. Барои давраи тирамоху зимистон дар муассиса ангишти  захира кардашуда басанда аст. Наздиктар ба  мактаби дехаи Осмонбика дар шафати шохрохи Восеъ Ховалинг, бо максади таргиби тарзи хаёти солим,  чалби  човонон ва наврасон  ба  варзиш  бо пешниходи  чамоати дехот ва  дастгирии  оилаи Аюбовхо маркази хизматрасони ва майдончаи пушидаи  бозии  футболи хурд мавриди бахрабардори карор гирифт.  Дар  чамоати дехоти ба номи Худоёр Рачабов то чашни 30 солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон  ба хамин монанд,  зиёда аз 70 иншоотхои чашни мохияти ичтимои дошта,  мавриди истифодаи сокинон  карор дода мешаванд.

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *