home Коронавирус: Овозаҳо ва ҳақиқат Таъсири каронавирус ба иктисодиёт. Коронавирус — Овоза ва хакикат № 6.

Таъсири каронавирус ба иктисодиёт. Коронавирус — Овоза ва хакикат № 6.

Ин  талли теппахои   сафед,    барф  нестанд.   Ин намак  аст.    Коргарони  корхонаи коркарди намаки Чамъияти сахомии кушодаи «Хоча Мумин»  ин тобистон    ба чамъоварии махсулот, як хафта дер  огоз намуданд.      27 нафар  коргарон,  баъди карантини  бемории ковид-19   ба кор шуруъ карданд. Захираи махсулот ва фаъолияти  минбаъдаи корхона   ба  саломатии коргарон  вобастаги дорад.  Дар чунин вазъият  маъмурияти корхона,  барои  пешгирии бемории коронавирус,  дар корхона    шароитхои мусоиди кориро мухаё кардааст.  Корхонаи коркарди намаки Чамъияти  сахомии кушодаи «Хоча Мумин»   яке аз   корхонахои калонтарини  Точикистон   аст. Ин корхона  дар доманаи кухи намаки Хоча Мумин дар нохияи Восеъ  вокеъ мебошад.  Корхона ба чамъоварии намак, коркард ва истехсоли намаки оши   машгул аст. Аз хамин чо навъхои гуногуни намаки сифати аъло   ба шахру нохияхои Чумхури  ва хоричи кишвар дастрас мегардад.  Ин сех яке аз коргохои истехсолии корхона мебошад.  Сабти ду мох пеш мебошад. Ин чо духтарони махали ба кор чалб гардида, хамин гуна халтачахои пур аз намак тайёр мекунанд.  Дар як руз як нафар аз  панч тона  зиёд  хамин гуна халтача тайёр мекард.

Ду мох баъд,  мохи июл ин дастгохо  таъмирталаб шуданд. Барои таъмири дастгохо мутахасиссонро  бояд аз давлати Чин даъват намоянд. Ин гуна имконият нест. Чун ки  рохо баста хастанд.   То таъмир шудани дастгохо, коргарон ба рухсати чавоб дода шуданд. Коргох  аз фаъолият монд. Зарари дигаре, ки   коронавирус ба ин корхона, расонид, ин  монеъги ба   содироти  махсулот шуд. Ин  халтахои пур аз намаки оши  барои фиристонидан ба давлати Афгонистон  омода карда шуданд.  Бинобар  баста шудани рохо  махсулот хамин чо монд. Дар нохияи Восеъ, самти дигаре, ки ба  пешрафти иктисодиёт таъсир мерасонад,  бозор аст. Бозори марказии нохия, маркази тичоратии «Нури Восеъ»,  Абдукарим   сохибкор  аст. Окибатхои  коронавирус дар фаъолияти  сохибкории У таъсир расонидааст. Дар ин маркази тичорат, хамрохи Абдукарим зиёда аз 1000 нафар  сохибкорон ба фаъолияти сохибкори машгул мебошанд.  Баъди  аз карантин  баромадан,  сохибкорон аз нав ба фаъолият шуруъ карданд.   Байни одамон  овозае, ки  гуё боз бозор баста мешавад, сохибкоронро ба ташвиш овардааст.

Таъсири коронавирус ба иктисодиёт, ин мавзуъе  мебошад, ки  дар нишастхои матбуоти  бо раисони шахру нохияхо атрофи он  рузноманигорон  савол доданд.   Дар нишасти матбуоти,  раиси нохияи Восеъ, оиди ин мавзуъ чунин гуфт. Коронавирус ба бонкхо хам таъсир  кард. Ин филиали бонки Амонатбонки Точикистон  дар нохияи Восеъ мебошад. Дар баробари дигар бонкхо, яке аз самти фаъолияти  ин  бонк интиколи маблагхо аз хоричи кишвар мебошад. Рохбарияти филиал дар чунин вазъият тибки накша чорабинихои муаян  фаъолият менамояд.  Кушиш доранд, ин   бухронро  паси сар намоянд. Дар корхонаи коркарди намаки Чамъияти сахомии кушодаи «Хоча Мумин»  бошад,    бо вучуди бухрони коронавирус  умед доранд, ки бо кушода шудани рохо  мушкилотхо паси сар шуда,  фаъолияти корхона мунтазам  ба рох монда мешавад.

 

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *