home Руйдодхо Видео: 8 март — Хамадони

Видео: 8 март — Хамадони

Бахшида ба Рузи модар, бо ибтикори кумитаи ичроияи  Хизби халки демократии Точикистон дар нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони чорабинии идона баргузор карда шуд. Дар ин чамъомади идона, занони фаъоли нохия, аъзоёни хизби халки демократии Точикистон   даъват шуданд. Раиси  кумитаи ичроияи хизби халки демократии Точикистон  дар нохия, занон ва модаронро бахшида ба рузи модар табрик  намуда, таъкид доштанд, ки   сахми занон ва бонувони нохия дар таргиби  мохияти истиклолият, эхёи хунархои мардуми, расму оин, анъанаву сунатхо ва фарханги милли калон мебошад.

Дар нохия бисёр занон дар вазифахои рохбари фаъолият намуда, аз намояндагони  хизби халки демократи  15 нафар вакилон  ба  мачлисхои махали интихоб гардиданд.  Аз номи кумитаи ичроияи хизби халки демократии Точикистон ба аъзоёни фаъоли хизб бахшида ба рузи модар тухфахои хотирави такдим карда шуданд. Кисмати фархангии чорабинии  бахшида ба рузи модар дар толори муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №2 маркази нохия идома ёфт.  Дар ибтидо шоири маъруфи муосири точик,  Алимухаммад Муроди  занону модарони нохияро  бахшида ба рузи модар бо навиштахои нав табрик намуд. Аз чониби  омузгорон ва хонандагони муассисаи таълими бо барномаи махсуси идона, ки аз бахшхои чолиб иборат буда ба мавзуъи модар бахшида шуда буданд, бо хунару махорати худ,  хотири иштирокчиёни чорабиниро шод гардониданд.  Дар ин \хамоиш иштирокчиёни бехтарин аз чониби кумиати ичроияи хизби халки демократии Точикистон бо тухфахои хотирави кадр карда шуданд. Намоиши барномаи идонаи консертии кормандони  бахши фарханги нохия анчомбахши чорабини гардид.

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев ва Худойназар Зухуров

18 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *