home Руйдодхо Видео: Андоз. Амалхои хайру савоб — Восеъ

Видео: Андоз. Амалхои хайру савоб — Восеъ

Тибки дастур ва супоришхои Президенти Чумхурии Точикистон,  оиди  дастгирии гурухои ичтимои, аз чумла  ятимону маъюбон, шахсони бемору барчомонда, аз чониби  сохторхои давлати  ва  шахсони  саховатпеша  дар арафаи идхои милли  расонидани кумакхои  яквакта  ба ин гурухои ичтимои  ба хукми анъана даромадааст.   Хамин гуна амали хайру савоб бахшида ба   иди навруз  аз чониби  Кумитаи андози назди хукумати Чумхурии Точикистон ба хона интернати беморихои рухии нохияи Восеъ расонида шуд. Кумакхои яквакта  аз маводхои гизои ва сару либоси тобистона ва дигар маводхои рузгордори иборат буданд.

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон яке аз сарпарастони  муассисаи давлатии хона интернати беморихои рухии нохияи Восеъ ба шумор рафта дар ободии ин муассиса корхои зиёдеро ба анчом расонидааст. Намояндагони ин кумита  бахшида ба иди навруз бошандагонро табрик гуфта ба онхо тухфахои идона такдим намуданд.

Дар хона интернати беморихои рухии нохияи Восеъ 225 нафар беморон зиндаги карда  ба табобат фаро гирифта шудаанд. Аз дастгири ва гамхории  Хукумати Чумхурии Точикистон  бошандагони хона интернат  изхори минатдори баён намуданд. Дар ин руз бахшида ба навруз  барои бошандагон  дастархони идона  аз таомхои миллии наврузи  иборат буданд, пешниход гардид.

 

 

 

 

Гузориши  Хоча Назриев,  Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *