home Руйдодхо Видео: Бунёди бог дар шуразамин — Восеъ

Видео: Бунёди бог дар шуразамин — Восеъ

Ин бог  бо пешниходи  макомоти  ичроияи хокимияти  давлатии нохияи Восеъ, дар доманаи кухи намаки Хочамумин  панч сол пеш ба  бунёдаш шуруъ карданд.  Масохати бог  панч гектаро ташкил медихад.  Дарахтони гуногуни мевадиханда, имсол  хамаашон гарки хосил хастанд.  Бахшида ба соли руши сайёхи ва  хунархои мардуми ва чалби сайёхон ба  нохияи Восеъ,  дар доманаи кухи намак, мухофизати табиат ва  мухаё намудани шароит,   ичрои дастуру супоришхои рохбарияти олии кишвар  буд.    Ачибаш   он аст, ки ин мавзеъ  шуразамин  аст.  Дар шуразамин  руидани гиёх дар гумон буд.   Одамон мегуянд, ки   аз  шурии замин хок  лалъ мебасту, хар кучо нихолхои худруи табии  меруиду халос. Аз  харорати гармии  баланди шуразамин,  ин чо  паранда хам пар намезад.   Дар бораи  сабзонидани  дарахт касе фикр хам  надошт. Бо шарофати сохибистиклолии кишвар, дар самти мухофизати табиат, дар ин мавзеъи нообод  корхои  ободони  шуруъ гардиданд.

Дар доманаи кухи намак   дар катори богкори, кишти махсулотхои гуногуни кишоварзи ба рох монда шуд. Ин заминхоро хочагии дехконии ба номи Сафар Хасан  истифода мебарад. Баъди чамъоварии хосили аввали замин, аъзоёни хочаги дар кишти такрории замин  махсулотхои  полези кишт намуданд. Дар  чамоати дехоти Тугарак на танхо ин хочаги хамчунин дар дигар хочагихои дехкони  замин самаранок истифода бурда мешавад. Бо вучуди шуразамин будани заминхои  доманаи кухи намак ин заминхо бо оби панч обёри карда мешаванд. Пойгохи обкашии  Хоча мумин зиёда аз 2.800 гектар заминхои ин мавзеъро бо оби панч сероб мегардонад. Аз чунин имконият истифода намуда,  дар самти истифодабарии самараноки  заминхо хочагидорон аз хамаи имкониятхо истифода менамоянд.

 

 

 

Гузориши  Хоча Назриев,  Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *