home Руйдодхо Видео: Чашни Сада — Восеъ

Видео: Чашни Сада — Восеъ

Дар нохияи Восеъ,   иди сада  ана хамин тавр бо тайёрии хамачонибаи кишоварзон  чашн гирифта  шуд. Доир ба чашни сада, таърихи пайдоиш  ва то замони мо расида омадани он маълумотхо  бисёранд. Тибки иттилои сарчашмахои таърихи  дар ахди Хахоманишиниён чашни сада бештар дар хавои озод, дар таллу теппахо баргузор мегардид. Дар ин руз мардум хурсанди карда, фарорасии наврузро интизор  мешуданд.   Дар Чумхурии Точикистон бо шарофати  истиклолият, иди сада аз нав эхё гардид. Ва   хамасола он дар шахру нохияхои  чумхури  хамин тавр  бо шукуху  шахомати хосса чашн  гирифта мешавад.

Чашни Сада 2020с -Восеъ 03

Чашни Сада 2020с -Восеъ 04

Чашни Сада 2020с -Восеъ 05

Чашни Сада 2020с -Восеъ 07

Чашни Сада 2020с -Восеъ 08

Ба  муносибати чашни иди сада  дар маркази  нохияи Восеъ   намоиш ва фуруши махсулотхои кишоварзи   баргузор карда шуд. Иштирокчиёни  чашнвора дехконон ва  богкорон  мебошанд.  Дар ин самт  онхо тачрибаи калон дошта,  ба нафароне ки хохиши шинонидани нихол доштанд, маслихатхои муфид доданд.    Нихолхои гуногуни мевадиханда ва сояафкан, аз  чониби богкорони  корхонаи  вохиди давлатии хочагии нихолпарварии  нохияи Восеъ пешниход гардиданд. Намояндагони макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия аз намоиши махсулотхои кишоварзи бахшида ба чашни иди сада  дидан намуда, аз  натичаи он хулосахои даркори бароварданд.

Чашни Сада 2020с -Восеъ 42

Чашни Сада 2020с -Восеъ 43

Чашни Сада 2020с -Восеъ 47

Чашни Сада 2020с -Восеъ 48

Мувофики сарчашмахои таърихи, иди сада таърихи аз се то панч хазор соларо доро мебошад. Калимаи сада аз забони мардуми ориёи гирифта шуда, оташро ифода менамояд.   Дар кисмати расмии чорабини   чонишини раиси нохияи  Восеъ сокинони нохияро бахшида ба чашни иди сада табрик намуда, аз кишоварзон даъват ба амал оварданд, ки  ба мавсими кишту кори бахори  хамачониба омодаги бинанд.Сада чун  идхои Наврузу Мехргон яке аз чашнхои  басо кадимии точикон  дар нохияи Восеъ пуршукух бошодию сурур, оташафрузию гулханфурузи, раксу тарона ва оростани  хонхои пурнозу  неъмат чашн гирифта шуд.

Чашни Сада 2020с -Восеъ 10

Чашни Сада 2020с -Восеъ 14

Чашни Сада 2020с -Восеъ 18

Чашни Сада 2020с -Восеъ 19

Чашни Сада 2020с -Восеъ 24

Чашни Сада 2020с -Восеъ 25

Чашни Сада 2020с -Восеъ 29

Чашни Сада 2020с -Восеъ 40

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *