home Руйдодхо Видео: Дави наврузи — Восеъ

Видео: Дави наврузи — Восеъ

Бахшида ба тачлили чашни байналмиллалии «Навруз»  ва  таргибу   ташакулли тарзи хаёти солим   субхи рузи 14 уми март  дар нохияи  Восеъ,   чорабинии    дави наврузи ва марафони велосипедрони   доир гардид.     Кормандони ташкилоту муасисахо   ва  наврасон,   аъзоёни махфилхои мактаби варзиши,   бо рухияи баланди идона    иштирокчиёни  асосии ин маъракаи наврузи  буданд.   Дар чорабини  вобаста ба синну соли иштирокчиён старт дода шуд.  Тибки накшаи бахши кор бо чавонон ва варзиш аввал  марафони велосипедрони ва сипас,   дави наврузи шуруъ гардид.  Кисмати нихоии чорабини назди бинои макомоти  ичроияи хокимияти давлатии нохия чамъбаст карда шуд.

Дар аввал чонишини раиси нохияи Восеъ, иштирокчиёни ин чорабиниро  ба фарорасии чашни байналмиллалии «Навруз», табрик намуда, сахми  арзандаи чавонони нохияро дар рушди сохаи  варзиш ва таргибу ташакулли  тарзи хаёти солим кайд намуданд. Дар ин чорабини,  аз номи бахши кор бо чавонон ва варзиш  иштирокчиёни фаъол бо диплом ва мукофотхо кадр карда шуданд.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *