home Оилаи солим — Чомеаи солим Видео: Фарзандхони. Оилаи солим — Чомеаи солим № 6

Видео: Фарзандхони. Оилаи солим — Чомеаи солим № 6

Евгений ё Абдулло   дар сини 56 солаги оиладор шуда,  акнун мазаи хушбахтиро мечашад. То ин вакт хамрохи модараш зиндаги мекард  ва дар хусуси оиладор шудан  фикр намекард. Аз руи гуфташ модараш ба оиладор шуданаш рози набуд.     Баъди вафоти модар, У    танхо монд. Зиндаги барояш душвор гардид.  Евгений  исломро кабул карда, номашро Абдулло кард.  Хамсояхо  ба   Абдулло   маслихат доданд, ки У  хонадор шавад. Ва дар ин кори хайр ба У кумак  карданд.  Он рузи хушбахти расид.  Абдулло  бо  маслихати хамдигар  бо Сангимо оила  ташкил  кард. Онхо мехоханд, сохиби  фарзанд  шаванд.    Дар  хона, Сангимо кадбону аст.  Корхои  хонаро мекунад. Хавлиро  рубу чин менамояд.  Хурок мепазад. Либосхои  шавхарашро мешуяд.  Аз хаёти оилавиашон,   хар ду   рози хастанд. Лекин такдир ба онхо фарзанд надода истодааст. Ва нихоят ба кароре омаданд, ки    тифлеро  ба фарзанди  хонда,  мехру  мухаббати падару модариро эхсос намоянд.

Дар хусуси фарзандхони, Абдулло  ба макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ, мурочиат намудааст. Дар бахши комиссияи хукуки кудак, аризаашро ба кайд гирифтанд. Сайчафар  Мирзоев, муддати панч сол  дар бахши комиссияи хукуки кудак  кор мекунад. Аз руи  маълумоти У  танхо дар  холатхое, ки  модар аз хукуки модарии худ  даст мекашад, кудаки  Уро   дигар кас ба фарзандхони  хукуки гирифтан дорад.    Тибки маълумот, ходисахои аз хукуки модари даст кашидани занон, дар чомеа хастанд ва ин кудакон ба нафароне, ки барои фарзандхони дар навбат мебошанд, тибки   талаботхои конунгузории Точикистон ба фарзандхони дода мешаванд. Дар хусуси фарзандхони, Сангимо ба шуъбаи кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия хам мурочиат кардааст. Сангимо ва Абдулло  барои  ба фарзандхони кабул кардани фарзанд,  омода мебошанд.  Сангимо  фарош шуда,  кор мекунад. Абдулло нафака мегирад. Замини наздихавлигиашонро  окилона истифода менамоянд. Барои фарзандхони ва дуруст тарбия кардани фарзанд имконият доранд.  Ва онхо  интизор хастанд,  аз   бахши комиссияи  хукуки кудак  барои фарзандхони онхоро даъват мекунанд.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *