home Оилаи солим — Чомеаи солим Видео: Хукуки волидон. «Оилаи солим,чомеаи солим» № 9

Видео: Хукуки волидон. «Оилаи солим,чомеаи солим» № 9

Сокини  нохияи Восеъ, Сайхомид Мирзохонов  ва хамсараш  орзу доштанд, ки  даврони пиронсолиашонро   дар сояи  давлати  фарзандон  ва наберахо  шоду бегам  пеш мебаранд. Лекин чунин нашуд. Онхо  сохиби  ду фарзанд  хастанд.  Фарзандон сохиби  дару хонаи худ мебошанд.     Дар ин хона  бошад,  падару модари ниёзманд        аз кумак  ва дастгирии  фарзандон   бенасиб монданд. Вокеъаи гайричашмдошт, ки  амаки Сайхомидро   сахт ба ташвиш овардааст, ин    бе розигии  волидон, ба таври  пинхони,    фарзандон  манзили истикоматии   падарашонро ба номи худ карданд.

Даъвои хона, халли ин масъала  барои  Сайхомид Мирзохонов, мушкилоти калонро пеш овардааст. У мегуяд, ки  дари макомотхои хифзи хукук рафта, даъво дорад, ки манзили истикоматиаш аз нав ба номи У бозгардонида шавад. У аз он метарсад, ки  У ва хамсараш берун аз дар мемонанд. Солхои охир беэхтироми нисбати волидон аз чониби фарзандон  зиёд ба чашм мерасад,  чунин  андеша дорад,    Курбонали Ситамов хукушиноси калони бюрои хукуки дар нохияи Восеъ. Курбонали Ситамов мегуяд, ки  конунгузории  Чумхурии  Точикистон, фарзандонро  ухдадор намудааст, ки  дар давраи пиронсоли  волидонашонро нигохубин намоянд. Дар хусуси ба чо овардани эхтироми волидон аз чониби фарзандон,  ходимони дин  хам  дар сухбатхояшон таъкид менамоянд.  Сайхомид Мирзохонов хамрохи хамсараш,  бо  даъвои хона  максад доранд, ки ба фарзандонаш  зиён нарасонанд.   Даъворо ба таври конуни   хал карда бо розигии худаш  хонаро ба яке аз фарзандонаш тухфа намояд.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *