home Руйдодхо Видео: Экология-аксия — Восеъ

Видео: Экология-аксия — Восеъ

Дар доираи корхои ободони,  бахшида ба чашни 30 солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон дар  нохияи Восеъ, тахти унвони  «Сахми ман дар тозагии  мухити  зист»  аксияи экологи  доир гардид.  Дар ин чорабини  зиёда аз сесад нафар сокинони дехаи Тоскалъа, бо хисси баланди ватандусти  ба хашар баромаданд.  Бо кумаки хашарчиён, ин китъаи  шафати шохрохи Восеъ Темурмалик  масофаи панч километр  аз хасу хор ва алафхои бегона тоза карда  шуда,  мухити ин мавзеъ зебо ва дидани гардонида шуд.

Дар чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиев, ки шохрохи Восеъ Тумурмалик аз худуди он мегузарад,   бо пешниходи   чамоати дехот  ва кумитаи махалла  мохи июл ин аксияи панчум мебошад. Тибки накшаи чамоати дехот дар аксияхои навбати  корхои  тахту хамворкуни ва  кабудизоркунии шафати шохрох  шуруъ мегарданд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *