home Руйдодхо Видео: Экология — Восеъ

Видео: Экология — Восеъ

Дар  нохияи Восеъ, чамоати дехоти ба номи Абди Авазов,   дехаи Чаврез, ин замин гайрикорам  буда, бо сабаби  баланд будани сатхи обхои зеризамини,  истифода бурда намешуд.    Бо пешниходи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия, сокини хамин деха  Маднаби Хомидов  ин  замини гайрикорамро  ба  ичора гирифта  онро ба   замини корам  табдил дод. Захмати    Маднаби  Хомидов  натича  дод. Бо максади   самаранок истифода намудани    замин,     амаки Маднаби  ин мавсим  заминро ба китъахо чудо намуд.  Вазъи бозоро ба инобат гирифта, парвариши  махсулотхои гуногуни ниёзи ахолиро ба рох монд. Хамрох бо  картошка ва сабзи  ин рузхо  хамаруза аз ин замин  садхо килограм  махсулоти  аз чихати экологи тоза  ба бозори нохия бароварда мешавад.

Маднаби Хомидов  мегуяд, ки   аз  шугли  дехкони   баракат дида,  фарзандон ва наберахоро дар  хамин рухия,   тарбия намудааст.  Бо маслихати падар фарзандон хочагии дехконии ба номи «Мирзо кадам»ро  ташкил намуданд. Ин  хочаги ба парвариши пахта ва дигар махсулотхои  кишоварзи   машгул  аст. Дар ин замин, шоли кишти такрори  мебошад. Ин заминхо дар саргахи шабакаи обёри  вокеъ хастанд. Аз оби дарёи панч обёри мешаванд. Дар таксимоти оби полези Маднаби Хомидов  шахси масъул аст.   Таъминоти оби полези имкон фарохам овардааст, ки дар кишти такрори хамаи заминхои корами деха  самаранок истифода бурда шаванд.

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *