home Руйдодхо Видео: Кишти бахори огоз ёфт — Восеъ

Видео: Кишти бахори огоз ёфт — Восеъ

Дар нохияи Восеъ, дар чамоати дехоти ба номи Абди Авазов  ин заминхо,  солхо  истифода бурда намешуданд.  Оилаи Абдуллоевхо аз дехаи  Чаврез  рафтори чавонмардона намуда, дар  ин заминхо  хочагии дехкони ташкил карданд.  Заминро хамвор намуда, аз хасу хор тоза карданд. Инак,  соли дуюм мешавад, ки дар масохати чор гектар замин кишти пунбадона гузаронида, хосили хуб ба даст меоранд. Имсол дар нохия яке аз авалинхо шуда ба кишти пунбадона шуруъ намуданд.

 

Аъзоёни ин хочаги  фарханги баланди заминдориро риоя намуда,  дар масохати чор гектари дигар бог бунёд  карданд. Кисми зиёди мевахои ин  бог содирот мегардад.  Чихати  истифодаи самараноку сарфакоронаи об  барои обёрии заминхои бог ва заминхои кишт  аз технологияхои камасраф истифода менамоянд. Хамин тавр  хочагидорон  бо истифодаи заминхои  як вактхо бекорхобида  мувафак ба он гардиданд, ки чойхои кори мавсими ташкил намуда, дар таъмини бозори истеъмоли  махсулотхои кишоварзиро  афзун гардонанд.

 

 

Гузориши  Хоча  Назриев, Худойназар  Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *