home Руйдодхо Видео: Кишти такрори-даромади дехкон — Восеъ

Видео: Кишти такрори-даромади дехкон — Восеъ

Хосили  галлаи ин замин, ду руз пеш  чамъовари шуда, ин  манзара  баъди гузаронидани кишти такрори   мебошад.  Аъзоёни  хочагии дехконии ба номи «Мирали» дар чамоати  дехоти ба номи Худоёр Рачабов  нохияи Восеъ,  ба кадри замин мерасанд.  Дехконон мохияти кишти такрориро хуб дарк намуда,  баъди чамъоварии хосили аввал   хамон руз,  заминро аз  махсулоти галладонаги  холи карданд.  Дар майдони панч гектар  ана хамин тавр  кишти такрориро бо сифат  ба анчом расониданд.

Дар чамоати дехоти ба номи Худоёр Рачабови нохияи Восеъ,    ин хочаги масохати 15 гектар заминро истифода намуда, дар самти истифодаи самараноки заминхо  яке аз хочагихои мувафак  мебошад. Дар катори дигар махсулотхо, хочаги  ба сохаи пахтакори  таввачухи баланд  зохир намудааст.   Хамин аст, ки  имсол хочагидорон дар майдони   10 гектар кишти  пахта гузарониданд. То хамин давра, холати нашъунамои нихолхои пахта дар холи хуб карор доранд. Ба ин хочаги  пайрави  карда, ин шабу рузхо, кишоварзони  худуди чамоати дехот  кушиш доранд, ки  хар чи тезтар  хосили галларо чамъовари намуда,  кишти такрории заминхоро саривакт  ба анчом расонанд.

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *