home Коронавирус: Овозаҳо ва ҳақиқат Видео: Коноравирус Овоза ва хакикат № 4 Чорахои пешгирикунандаи пахншавии коронавирус

Видео: Коноравирус Овоза ва хакикат № 4 Чорахои пешгирикунандаи пахншавии коронавирус

Муродали Сафаров, собик корманди макомоти  суди, баъди ба нафака баромадан, дар дехаи Заркорон, чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсов нохияи Восеъ,  вазифаи масъул,   раиси кумитаи махалларо  ба душ гирифт. Дар нохия У   яке аз аввалинхо шуда,  барои  пешгирии  пахншавии коронавирус корхои безараргардониро  ба рох монд. Бо икдоми   раиси махалла,  мактаб  ва  манзилхои истикоматии деха,  рохои байни кучахо,  мухит  бо истифода аз техника  бо махлули гипохлориди  натрий   поккори карда шуданд. Барои пешгирии пахншвавии коронавирус хамин гуна тадбирхо дар дигар чамоатхои дехот амали карда шуданд. Дар дехаи Дашти Дилли чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсов,  дехаи Тугарак  чамоати дехоти Тугарак  корхои поккории кучахои дехот  бо дастгирии  сохибкорони махалли  анчом дода шуданд. Дар ин рузхо назар ба дигар аъзоёни ситоди нохияви,  кормандони маркази санитари эпидемиологии нохия, серташвишу серкор буданд. Аз руи маълумоти сардухтури ин марказ рузхои аввал, маводи хлор  намерасид  ва дастрас намудани  он  кори мушкил буд. Аз шахри Душанбе, маводи хлор оварданд. Онро  дар лабараторияи марказ санчида,  маводи гипохлориди натрий  тайёр карданд. Ин зарфхо бо маводи гипохлориди натрий пур мебошанд. Ин махлулро  бо микдори муаяни об хамрох карда, дар корхои безараргардонии махаллахои ахолинишин ва чойхои серодами шахраки Хулбук  ва дехотхо  истифода  карданд.  Яке аз дигар чорахои пешгирикунандаи ковид-19 дар махаллхо байни ахоли ин бурдани корхои таргиботи ва оммафахмони оиди ин бемори ва рохои пешгирии   он  буд.

Дар дехаи Заркорон аз чониби кумитаи махалла, хона ба хона гашта оиди рохои пешгирии ин бемори  тарзи истифодаи никоб  сокинонро фахмонида,  ба оилахои ниёзманд, ройгон  никоб  таксим карданд.  Дар ин самт дар марказхои саломати дастахои фасилитатор фаъолият бурданд. Ин одамон, кормандони тиб ва занони  фаъоли  деха  аъзоёни  дастаи фасилитатор дар маркази саломатии дехаи Чорбог  мебошанд. Дар самти пешгирии интикол ва пахншавии сирояти коронавирус хамчунин  аз чониби ташкилотхои чамъияти корхои таргиботи  бурда  шуданд. Бо икдоми кумитаи ичроияи хизби халки демократии Точикистон дар нохияи Восеъ, аксияхои таргиботи доир гардиданд. Бо чалби дастахои ихтиёриён дар чойхои серодам, бозору рохравхо ба нафарони ниёзманд никобхои тибби таксим намуданд. Оиди мохияти истифодаи никоб дар пешгирии ковид-19 ба одамон маълумот доданд. Дар пешгири ва пахншавии Ковид-19 хамин гуна  аксияхо  бо икдоми бахши кор бо чавонон ва варзиш  дар нохияи Восеъ,   гузаронида шуданд. Кумакхои хайрияви аз чониби давлат, шахсони саховатманд ба  беморон  дар самти пешгирии пахншавии  коронавирус, ковид-19  яке аз чорахои  дигар дар ин самт мебошад. Рузи 20 май аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон дар катори  дигар шахру нохияхои Чумхури ба нояи Восеъ. 8 мошинаи пур аз бор аз махсулотхои хурока ва дорувори иборат буданд, расонида шуданд. Дар ин рузхо бо шарофати кумакхои хайрхохона беморхонаи марказии нохия сохиби ду дастгохи нафасдихии сунъи  гардид. Яке аз ин дастгохо аз номи Президенти Чумхурии Точикистон ва якеи дигар аз номи ташкилоти чамъиятии «хилоли ахмар»    расонида шуд. Дар беморхонаи ракамии панч дехаи Окчар, ки гирифторони бемории коронавирус  ба муолича фаро гирифта шудаанд, аз чониби сохибкорон  дастгирии табибон ва кумак ба  беморон,  рухияи табибонро  боз хам  баланд гардонид. Муродали Сафаров  дигар коре, ки  дар пешгирии пахншавии ковид-19  анчом дод, ин бо дастгирии шахсони саховатманди деха, ба маркази  саломатии дехоти,   маводхои антисептики ва сару либоси кори кумак расониданд. Дар ин самт, фаъолияти кумитаи махалла ва макомоти давлати  идома дорад.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *