home Коронавирус: Овозаҳо ва ҳақиқат Видео: Коронавирус: Овоза ва хакикат № 3. Пахншавии овозахои дуруг атрофи коронавирус.

Видео: Коронавирус: Овоза ва хакикат № 3. Пахншавии овозахои дуруг атрофи коронавирус.

Бобо Менгиёров, баъди муоличаи  10 руза   дар беморхона  аз он чо  сихат шуда  баромад. Хангоми дар беморхона карор доштанаш овозае пахн шуд, ки Бобо вафот кард.  Ин хабари дуруг на танхо  ба  дустон балки  ба  Бобо  хам сахт таъсир кард. Бобо, намурдааст.  Зинда, аст. Ин аст, хакикат. У боз ба майдони варзиши баргашт. Узви дастаи футболи собикадорони нохияи Восеъ,  бемориро паси сар намуд.  У мегуяд,  ки  варзиш буд, ки  у аз ин бемори рахо ёфт.  Рузхое, ки Бобо дар беморхона муолича мегирифт, сокинон ба ид омодаги медиданд.   Вилояти Хатлон, як руз пеш аз иди саиди рамазон. Дар вазъияте, ки  макомотхои  дахлдор, хамаруза таъкид менамоянд, ки худро аз бемории коронавирус эхтиёт намуда, карантинро риоя  намоянд, сокинон  бошанд  дар бозору  гузаргохо гашту гузор намуда,  ба иди рамазон  омодаги диданд. Ин ташвиши сокинон, сабаб дошта, натичаи  овозахое, буданд, ки  гуё  тавасути телевизион  хабар дода бошанд, ки    иди рамазон   ду соат  ичозат  дода шудааст. Тавре мо аник кардем,  овозахо  дуруг  баромаданд.

Хикматулло Абдукаримов мудири бахши  кор бо дин  ва танзими анъана ва чашну маросимхои макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ, мегуяд, ки ин овозахо асос надоранд. Раёсати шурои уламои  Точикистон  дар вазъити коронавирус  баргузории  хар гуна чорабинихо ва чашнворахоро манъ кардааст. Дар вазъияте, ки   коронавирус  ба чони одамон  тахдид менамояд, нафароне, ки аз ин бемори   дар беморхона мефавтиданд, онхоро рост  ба кабристон мебурданд.  Овозае  пахн гардид, ки   гуё, одамоне, ки  аз  ин бемори мефавтанд,  онхоро  бе чаноза  мегуронанд.  Ин  хабар  хам хакикати вокеъи надошт. Оиди маълумоти дуруст, ба ин саволи  мо  эмомхатиби нохияи Восеъ чунин чавоб дод. Овозахои дигар, хам  буданд.  Рузхои аввали расман эълон намудани мавчудияти ковид-19, гуё  кисме аз табибон гурехтанд. Ин вокеъият дорад, ё не? Аз Хушвакт Содиков чонишини директори муасисаи давлатии кумаки аввалияи тибби ва санитарии нохияи Восеъ, мепурсем. Хамчунин овозае, ки гуё як чанд нафар табибон аз бемории ковид-19 ба халокат расиданд, ин хам хакикат надошт.

Тибки маълумотхои расми нафароне, ки ба бемории ковид-19 гирифтор шуданд, дар беморхонахо ба таври ройгон ба табобат фаро гирифта мешаванд. Маводхои доруворихо дар беморхонахо мавчуд мебошанд.  Дар чунин рузхо, овозае, хам шуд, ки  кормандони чамоати дехоти Тугарак дар карантин мебошанд. Барои дурустии ин хабар рохи чамоати дехоти Тугаракро пеш гирифтем. Овоза дуруг баромад. Кормандони чамоати дехот дар чои корашон карор дошта, фаъолияти чамоати дехот аз хар вакта дида дар ин рузхо чиддитар ба рох монда шудааст. Рохбарияти чамоати дехот, кабули шахрвандонро хамаруза ба рох мондааст. Дар ин рузхо, овозахое хам пайдо шудаанд, ки рохо баста мешаванд. Аз ин хабар нархи махсулотхои гизои махсусан орд кимат гардид. Дар пешгирии бемории коронавирус, ковид-19 мардум аз хазориспанд, васеъ истифода кард. Тибки хабархое, ки байни сокинон пахн гардид, испанд ин вирусро мекушад. Лекин инро табибони сироятшинос тасдик  накарданд. Бобо Менгиёров  миёни  дустонаш,  шугли дустдоштаашон бозии  футболро пеш мебаранд.     Аз одамон даъват ба амал меорад, ки ба хар гуна овозахо бовар накунанд, ба тарсу харос наафтанд, кавиирода бошанд. Дар якчояги хама мушкилотро паси сар менамоянд.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *