home Оилаи солим — Чомеаи солим Видео: Мактаб ва оила. Оилаи солим — Чомеаи солим № 4

Видео: Мактаб ва оила. Оилаи солим — Чомеаи солим № 4

Анорби Султонова, аз фанни маърифати оиладори   дарс мегуяд.  Омузгори махсуси ин фан нест. Муаллими фани забон ва адабиёт, оиди  мавзуъи  маърифати оиладори  иштирокчии  якчанд семинархо  буда,  дар ин самт дониш ва малакаи хуб  пайдо кардааст.  Тачрибаи муаллим,  китоби  маърифати оиладори,  ва накшаи  тасдикнамудаи директори  мактаб ана хамин  тавр  дар мактаб  хонандагон  ба  пахлухои гуногуни  хаёти оиладори шинос мегарданд. Ин хонандагон дар синфи дахум тахсил мекунанд. Аз фанни маърифати оиладори оиди пахлухои хаёти оиладори, муддати хашт мохи тахсил, алакай бисёр маълумотхо  гирифта, фахмиши хуб пайдо карданд. Муаллима  умед дорад, ки дар оянда шогирдонаш аз дониши гирифтаашон дар мактаб  истифода менамоянд. Анорби мегуяд, ки наврасон ба ин фан тавачухи калон доранд. Бо вучуди мухимияти  он  таълими ин фан  дар мактаб  танхо дар синфи нухум ва хамаги як соати дарси чудо карда шудаасту халос. Нокифоя будани соатхои дарси дар мактаб на танхо Анорбиро ба ташвиш  овардааст, дар ин самт хамчунин хукукшиносон бо муаллим хамфикр хастанд. Курбонали Ситамов хукукшиноси  калони бюрои хукукии Вазорати адлияи  Точикистон дар нохияи Восеъ, аст. У мегуяд, ки яке аз сабабхои  вайроншавии  оилахои чавон ин аз паст будани маърифати хукукии навхонадорон дар  самти  хаёти оиладори  аст. Тибки маълумотхои омори  солхои охир  шумораи вайронашавии оилахо  афзудааст. Барои пешгирии он   шуъбаи кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимяти давлатии нохияи Восеъ,  максад дорад, ки дар самти баланд бардоштани маърифати оиладори  бо муаллимони  фанни маърифати оиладори бо  мактабхо  хамкори  дошта бошанд.

Хукукшиносон мегуянд, ки  дар бисёр мактабхо фанни маърифати оиладориро омузгорони гайриихтисос  дарс мегуянд. Вакти он  расидааст, ки ба ин дарс, бояд муаллимони касби  машгул гарданд.   Анорби Султонова андеша дорад, ки  омузгори фани маърифати оиладори дар баробари дониши хуб доштанаш хамчунин бояд, дар хаёти оиладори  намунаи ибрати дигарон   бошанд. Хамин нуктаро ба инобат гирифта, У ба таълими ин фан розиги додааст.  Оилаи Анорби  аз панч нафар  иборат мебошанд.Хамрохи шавхараш  онхо се фарзандро ба воя расонида,  худро  оилаи  мувафак  мехисобанд.   Мавзуъи  мактаб ва оила, мавкеъи мактаб дар баланд бардоштани  маърифати оиладории   хонандагон  ва кохиш додани сатхи  чудошавии оилахо,  имруз яке аз мавзуъхои  руз хисоб ёфта, оиди ин   шахрвандон андешахои худро доранд. Дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №53 Анорби Султонова дарси навбатии худро аз фани маърифати оиладори интизор аст. Дар накшаи таълими  ин дарс соати  шашум, дарси охир гузошта шудааст.У аз он  нигарон аст, ки дар ин вакт хонандагон монда шудаанду чи тавр уро мефахманд.

 

 

 

 

10 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *