home Руйдодхо Видео: Мероси фарханги — Восеъ

Видео: Мероси фарханги — Восеъ

Дар дехаи Шохбика  нохияи Восеъ, барои Зебинисо Давлатова, дари хамаи хонахо кушода аст. Хонае нест, ки  нишоне аз  дастони у он чо набошад. У танур – чакдон  месозад.  Байни сокинон   бо хамин ном,  устои чакдонсоз  шинохта  шудааст. Дар сохтани чакдон, холаи Зебониссо аз чунин  воситахои мехнат истифода менамояд. Санг олоти асоси буда, аксарияти махсулотхои сохтмони хам санги мебошанд. Аз кадим,  точикон  оташро хамчун манбаи рушнои ва гарми  мукаддас мешумориданд. Мумкин аз хамин сабаб бошад, ки  дар гузашта,  сохтани хар як чакдони навро одамон  бо хушнуди истикбол мегирифтанд.

Бо пешрафти  техника, имруз чунин чакдонхои тайёр  пешниход гардиданд. Ин навгонихо  аз як чониб кори  холаи Зебиниссоро хеле осон намудааст. Лекин У мегуяд, ки мазаи ноне ки дар чакдони дасти  сохташуда пухта шудааст, фарк дорад. Зебониссо вобаста ба хохиши фармоишгар чакдон месозад, Хачм, дарози баланди ва кади онро ба назар мегирад. Бо хамин нишонахо чакдонхо аз хамдигар фарк мекунанд. Масалан ин чакдон, калон буда,  барои пухтани нони чапоти мутобик  гардонида шудааст. Воситаи ченаки холаи зебониссо одди аст.   Чакдон на танхо воситаи пухтани нон, дар гузашта,    онро  хамчунин  дар пухтани таомхои милли   истифода мебурданд. Зебиниссо Давлатова,  чакдонсозиро аз биби ва модараш омухтааст. Бо хамин хунар  сохиби шугли муаян гардида, ризки халол  пайдо карда, зиндагии оилаашро  пеш бурд  ва  байни одамон  сохиби  эхтиром гардид.

 

 

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *