home Оилаи солим — Чомеаи солим Видео: Оилаи солим — Чомеаи солим № 8. Накши давлат дар батанзимдарории оила

Видео: Оилаи солим — Чомеаи солим № 8. Накши давлат дар батанзимдарории оила

Чурахон ва Робия ба шуъбаи кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ, бо максади  халли мушкилоти оилавиашон баъди мурочиат  даъват шуданд.   Се фарзанди ноболиг доранд. Бо сабаби зуроварии хонаводаги Робия хохиш дорад, ки аз шавхараш чудо шуда, барои нигохубини кудакон аз У алимент ситонад. Чурахон бошад, максади чудо шуданро надорад. Мегуяд, ки зиндаги пастиву баландихо дорад  ва талош дорад, ки  оилааш вайрон нашавад.  Дар   шуъбаи кор бо занон  ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти  давлатии нохияи Восеъ, ана хамин тавр хар руз  мурочиатхо кабул карда шуда, бо хамин бахсхо  оилахо даъват карда мешаванд. Дилафруз Абдулхакзода мудири шуъба аст.  Бо ин оилахо сухбат гузаронида, кушиш менамояд, рохи халли   нофахмии онхоро пайдо намояд. То ин ки оила вайрон нашавад  ва  кудакони ноболиг аз мехри падару модари дур намонда  дар куча намонанд. Самти фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оила  муаян мебошад. Гайр аз кабули арзу мурочиати сокинон онхо дар махалхо  бо занон ва духтарон бояд алокаи зич дошта бошанд. Аз холу вазъияти  онхо бохабар бошанд. Дар халли мушкилот  ба онхо бояд кумак  расонанд. Дар шуъбаи кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияи давлатии нохияи Восеъ, чор нафар занон кор мекунанд. Хамаги хамин  як хучраи кори доранд.

Бо сабаби хурду  тангии хучра,  хамаи мурочиаткунандагонро  кабул карда наметавонанд. Тавре, ки  мудири шуъба гуфтанд, дар ин хусус мурочиат кардаанд, аммо мушкилоти дигар, ки мухимтар буда, халли худро мехохад ин эхтиёч ба   равоншиносон  дар  шуъба  мебошад. Дар хусуси  он ки  дар шуъбаи кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия, равоншиносон чалб карда шаванд, андешаи Курбонали Ситамов хам хамин аст. Курбонали Ситамов собик хукукшиноси макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ, муддати муаян хамчунин дар якчояги бо шуъбаи кор бо занон ва оила хамкории зич дошт. Айни замон хукукшиноси калони бюрои хукукии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон дар нохияи Восеъ шуда, фаъолият дорад. Барои он ки фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оила боз хам пурсамар гардад, У пешниходхо дорад. Дар самти ба накшагирии оила, аз руи тачрибаи кори Курбонали Ситамов маслихатхои муфид пешниход менамояд. Дар  шуъбаи кор бо занон ва оила  мехоханд, ки хамаи дархостхои мурочиаткунандагонро хал намоянд.  Аммо барои боз хам бехтар ба рох мондани фаъолият,  будани  хукукшиносон  хам мухиманд.  Дилафруз Абдулхакзода мегуяд, ки  бо хамин имкониятхо аз  сухбат бо Чурахону Робия  ва  хешовандони онхо дар пешгирии вайроншавии оила андаке хам бошад,  мувафак гардиданд. Онхо тавонистанд, тарафхоро  ором намуда, барои андеша мухлат диханд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *