home Руйдодхо Видео: Пайки Наврузи — Хамадони

Видео: Пайки Наврузи — Хамадони

Суманак, яке аз рамзхои наврузи мебошад. Бахшида ба навруз занон ва духтарон  аз микдори муаяни  гандум  суманак мегузоранд.  Бо фарорасии бахор ва навруз  дар нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони   ана хамин тавр  занон ва духтарон чамъ омада  ба таёр намудани суманак машгул шуданд. Дар минтакаи Кулоб  суманакро  бо чунин восита куфта майда мекунанд. Ин анъанаи ниёгонамон  то имруз идома дорад.

Ин чорабинии наврузи бо икдоми кумитаи ичроияи хизби халки демократии Точикистон  дар нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони тахти унвони  «Пайки наврузи» назди бинои хизб доир гардид. Занони фаъоли нохия, вакилони тозаинтихоб аз хисоби  хизб, аъзоёни ташкилоти чамъиятии  созандагони ватан  бахшида ба навруз нону таомхои  наврузи ороста , гирди хони наврузи  нишаста дафзанон  хурсанди  карданд. Бахшида ба навруз духтарон перохани наврузи ба бар намуда,  ин чашни ниёгонамон омад омади наврузро   бо шеъру таронахо истикбол намуданд. Дар пухтани суманак бошад, занону духтарон гирд омада,бо хондани  суруди суманак чубдастаро тоб медиханд. Пухтани суманак ана хамин тавр идома меёбад.

 

 

 

 

Суманак омода шуд. Занону духтарон иштирокчиёни аксияи «Пайки наврузи» бахшида ба навруз рахпаймои  ташкил намуда, бо суманак аз кучахои шахрак гузаштанд. Рахпаймоён ба сокинони нохия хамчун рамзи бахор ва навруз суманак таксим намуданд.Рахпаймоён  рамзи бахор ва наврузро  то хучраи кории раиси нохия расониданд.

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *