home Оилаи солим — Чомеаи солим Видео: Серфарзанди ва октбати он — «Оилаи солим — Чомеаи солим» № 1

Видео: Серфарзанди ва октбати он — «Оилаи солим — Чомеаи солим» № 1

Фаризамо Алиева, ана хамин тавр   хашт нафар фарзандро  ба воя расонидааст.  Онхо калон шуда  падару модар шуданд.   Холаи Фаризамо, акнун биби аст.  Аз гавхора, холо хам  дур нест.    Ба воя  расонидани  наберахо шугли асосии У дар хона   мебошад.   Ин модар мегуяд, ки  ба воя расонидани  8 нафар  фарзанд,  барояш  кори осон набуд.  Дар дехаи Чорбог чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсов нохияи Восеъ,  дехае, ки  холаи Фаризамо умр ба сар мебарад, богча ясли надорад. Се писар, панч духтар  дар сахни хавлии манзили истикоматиаш  бо ин тарзи бозихо  калон шуданд.  Наберахояшро хам хамин тавр  нигоху бин менамояд.   Холаи Фаризамо хам  дар замин  кор  мекард ва хам ба тарбияи фарзандон машгул  буд. Ин модар, бо вучуди  мушкилотхояш  шукрона  аз он  менамояд, ки    фарзандонаш  тарбияи хуб гирифта  дар хаёт рохи дурустро интихоб намуданд.   Ранчхои  кашидаи У  бехуда нагузаштанд.  Ба он нигох накарда, ки шавхараш дар синни 50 солагии У аз олам гузашт, бори вазнини  оиларо паси сар кард. Духтаронро ба шавхар дод. Дар  хавли се келин фуровард. Аз келинхо шикоят надорад. Максад дорад, барои фарзандонаш  хона сохта онхо мустаъкилона ба тарзи  мехостагии  худашон  зиндаги кунанд.

 

Мисли холаи Фаризамо, дар вазъияти  серфарзанди  на хамаи  оилахо  комёб хастанд. Дар бахши кор бо  занон ва оилаи  макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ гуфтанд, ки   серфарзанди  оилахоро  имруз  ба мушкилотхои зиёд ру ба  ру намудааст. Тибки маълумоти расми, дар соли 2019 ум дар  нохияи Восеъ вазъи  шумораи  фарзандон дар  оила вобаста ба таваллуд чунин  муаян карда шудааст. Серфарзанди таъсири хурофот аст, ё омилхои дигар дорад. Серфарзанди,  нуктаи назари  сокинон оиди ин мавзуъ чи гуна мебошад? Фаризамо Алиева, бошад, андеша дорад, ки дар шароити имрузаи Точикистон, занон бояд, имконияти худро дида,  таваллудро ба накша  гиранд. Мохсафари Хасан, дар таваллуди фарзанд, аз маслихати  хушдоманаш  истифода кард. Бо ин у мехохад, ки фарзандонашро хубтар тарбия намуда ба воя расонад.

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *