home Оилаи солим — Чомеаи солим Видео: Таъсири мухочират ба оила. «Оилаи солим — Чомеаи солим» № 10

Видео: Таъсири мухочират ба оила. «Оилаи солим — Чомеаи солим» № 10

Зулхумор Рахимова, яке аз он заноне мебошад, ки таъсири мухочират ба оилаи У расидааст. Шавхараш  соли 2012 ум ба мухочирати мехнати рафта,  аз он чо барнагашт.   Зулхумор мегуяд, ки  бо шавхараш робита доранд. Баъзан, таввасути телефон  гап мезананд. Зулхумор  сохиби ду фарзанд  аст. Хар ду ноболиг хастанд. Фарзандонро модар нигоху бин ва тарбия менамояд. У,  дар мактаб то синфи нухум тахсил кардааст. Маълумоти касби надорад.  Ин оила хамчун оилаи ниёзманд,  ба кайд гирифта шуда, аз чониби давлат ва хамсояхо,  кумак расонида мешавад. Зулхумор, ба хама мушкилотхо тоб оварда, падари фарзандонашро интизор аст. У бовари дорад, ки рузе мерасад, ки  шавхараш аз мухочират ба ватан баргашта, назди онхо меояд. Мухочирати мехнати, дар баробари он ки  ба оилахо даромади хуб меорад, хамзамон окибатхои нохуб  гузошта истодааст. Махсусан солхои охир таъсири он ба оилахо расида истодааст. Дар шуъбаи кор бо занон ва  оила, заноне хам мурочиат  кардаанд, ки мегуянд, онхоро  аз мухочирати мехнати шавхарашон  таввасути телефон талок кардааст.

Дар сабти асноди холати шахрванди, яке аз сабабхои чудошавии оилахои чавонро аз окибатхои мухочирати мехнати мебинанд. Мунавара, сохиби хунар аст. Курта медузад.  Мошинаи дарздузи, интихоби матоъ, пора кардану духтани куртахои  замонави,   шугли харрузаи У мебошад.  Мунавара ин хунаро  аз модараш ёд гирифтааст.  Баъди он  ки шавхараш ба мухочирати мехнати рафт, ин хунар  дар пешбурди рузгори оилааш  ба У кумак намуд. Максади тахсили  Мунавара дар ин курс аз он иборат мебошад, ки  сохиби хуччат гашта, дар оянда коргохи худро кушояд.  Вобаста ба талаботи руз, ва дар мухочирати мехнати карор доштани  мардон  ва  бо максади фарогирии  занону духтарон ба шугли муаян,     бо дастгирии шуъбаи  агентии мехнат ва  шугли ахоли  дар  дехаи Чаврез  чамоати дехоти ба номи Абди Авазов  нохияи Восеъ,   курси  омузиши дузандаги ташкил гардид. Ба ин омузиш  занони  бешугл  ва ниёзманд, онхое, ки шавхарашон  дар мухочирати мехнати, берун аз кишвар карор доранд, фаро гирифта шуданд.  Байни ин занон  хастанд, нафароне, ки  сохибхунар мебошанд,  мисли  Савриниссо. Савриниссо  ба заноне, ки нав ба ин чо омадаанд, нозукихои хунари дузандагиро  ёд медихад. Ба ин омузишхо духтарон таввачухи калон доранд.   Ин духтарон, баъди хатми мактаби миёна  омадаанд.  Мадина довталаб аст. Хохиши тахсил дар мактаби олиро дорад.  Дар як вакт хохиш дорад, ки  хунари дузандагиро аз худ  намояд. Ин хучрае, ки занону духтарон  машгули хунаромузи хастанд, кушоду бархаво буда, барои ташкили коргохи хурди дузандаги мувофик мебошад. Ин чо миззу курси барои нишасти занон  ва мошинахои дарздузии замонави  намерасанд.Дар ин самт  занон ба дастгири ниёз доранд.

 

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *