home Коронавирус: Овозаҳо ва ҳақиқат Видео: Тассавурот ва хакикат. Коронавирус — Овоза ва хакикат № 5.

Видео: Тассавурот ва хакикат. Коронавирус — Овоза ва хакикат № 5.

Ковид-19 на танхо ба  одамон хамчунин ба  растанихо таъсири  нохуши худро   расонидааст, мегуяд,  сокини нохияи Восеъ, Рахматулло Шералиев.  Масалан, ба дарахти зардолу. Дар хавлии   Рахматулло   дарахти  зардолу имсол мева набаст. Дар  баргхои   дарахт  бошад, пайдо шудани  ин гуна  сурохихоро У  аз таъсири ковид 19 мебинад.   Рахматулло мегуяд,  ки ковид-19 ба  анчир, хурмо ва оллу таъсир расонида натавонистааст. Чун ки ин дарахтон  ва  меваи онхо  дар таркибашон маводхои зиддивируси доранд ва истеъмоли онхо  ба одам фоидаовар мебошад,  хулоса баровардааст,  У   Узви  конфедератсияи  иттифоки журналистони Точикистон,  Рахматулло  Шералиев, шуглаш богпарвари  мебошад.  Солиёни  зиёд мешавад, ки  асрори олами растанихоро меомузад.  Бисёр навиштахои  У ба мавзуъи  экологи равона  шудаанд. Дар хусуси  ковид-19 таъсири он  ба дарахтон,  Рахматулло  нуктаи назари худро дар хафтаномаи чамъияти сиёсии «Пайк» манзури хонандагон гардонид. Вале ин андешахои  Рахматулло исботи илми надоранд.  Бо максади озодандеши  ва чолибияти хулосахои пешниходкардааш онро хавола ба Шумо гардонидем. Ковид-19, оиди ин бемори,  нафаре нест, ки андеша накарда бошад. Бо максади табодулли андеша, бо чанд нафар аз шахрвандон хамсухбат шудем.  Ковид-19, тассавурот ва вокеъият. Маркази зидди бемории сил дар нохияи Восеъ. Мохи июл, ин чо холло  орому камодам гаштааст.

Рузхои аввали  расман эълон шудани бемории ковид-19, нисбат ба ин бемори  хар гуна овозахо пахн шуданд. Бисёре  аз  одамон дар тарс ва тахлука афтода  буданд. Сафаралли  Мирзоев рохбари ин марказ, баъди муолича аз ковид-19 ва риояи карантин  ба фаъолияти кори баргашт. Дар ин муддат ин табибон дар маркази вилояти Хатлон, бо чалби табибони сироятшинос аз  давлатхои Чин, Узбекистон ва Россия  дар  семинархои омузиши  иштирок намуда, оиди ин бемори, рохои пешгири ва табобат,     маълумотхои бештар пайдо намудаанд. Баъди  ин  тасаввуроти  онхо нисбати ин бемори таъгир ёфт. Тибки маълумотхои  ситоди нохияви, хамаруза дахо нафар одамон  ба ин бемори гирифтор шуда, ба муолича фаро гирифта мешаванд.  Дар ин муддат хазорхо одамон бо хамин бемори дар беморхонахо бистари гардида табобат ёфтанд. Сихат шуда ба хонахояшон рухсат дода шуданд. Мачобир Носиров духтури сироятшинос аст. У мегуяд, ки ин бемори бо аломатхои сабук хам дар одам пайдо шуда, тез мегузарад. Ин духтур хам ба  бемории ковид-19, гирифтор шуда бо муоличаи   сабук  шифо ёфт. Дар тиб,  коронавирус чизи нав нест. Ин бемориро солхои пештар хам табибон ба кайд гирифта буданд. Дар ин хусус акнун  духтурон гап мезананд.  Тачриба нишон дод, ки  ковид-19, табобатшаванда аст.  Духтурон тавсия медиханд, ки  одамон ба хар гуна овозахо бовар накунанд. Коидахои санитари гигениро риоя намоянд.  Дар сурати пайдо шудани нишонахои ин бемори  ба  духтури тибби оилави  мурочиат намоянд.

 

 

 

5 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *