home Руйдодхо Видео: Хамадони — Фарханг

Видео: Хамадони — Фарханг

Ин таомхои милли, ки  хоси навруз мебошанд, онхоро Беназир ва Нозанин Шохинова  пухта  ба ин намоишгох  пешниход намудааст. Бе ин таомхои милли, махсусан суманак хони наврузиро тасавур кардан гайриимкон аст. Беназир  ва  Нозанин  Шохиновахо донишчуёни коллечи тибии нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони  иштирокчиёни  махфили «Рузгордори» мебошанд. Ин махфил дар доираи чорабинихо бахшида ба эълон гардидани солхои 2019-2021 «Солхои рушди дехот, сайёхи ва хунархои мардуми» бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони бо иштироки  духтарони колечи тибии ва хунаромузони  литсеи касби техникии №17 доир  карда шуд. Иштирокчиёни чорабини хамаашон чавонон хастанд. Дар пухтани нон ва таомхои милли онхо хунари кадбонугии худро нишон доданд.

Хамадони-фарханг 135

Хамадони-фарханг 05

Хамадони-фарханг 06

Хамадони-фарханг 11

Хамадони-фарханг 107

Махфили «Рузгордори» бо оростани дастархони точики пешниходи таомхои миллии кадима ва муосир, намоиши  тарзи тайёр намудани як таоми милли ва муаррифии он: махорати пухтани нон ва махсулоти нони: махорати кабули мехмон  дар хона: саволу чавоб оид ба масъулияти оиладори ва рузгордори иборат буданд.  Хунари кадбонугии  духтарон  аз чониби  намояндагони  макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия, рохбарияти колеччи тиби ва литсеи касби техники бахогузори карда шуда, голибон бо тухфахо ва сипосномахо сарфароз гардонида шуданд.

Хамадони-фарханг 113

Хамадони-фарханг 115

Хамадони-фарханг 120

Хамадони-фарханг 122

Хамадони-фарханг 131

Хамадони-фарханг 132

Хамадони-фарханг 135

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *