home Руйдодхо Видео: Замин сохибашро пайдо кард — Восеъ

Видео: Замин сохибашро пайдо кард — Восеъ

Ин сабзавотхо,  махсули мехнати Алимурод Исоев, хастанд. Аз оби дарёи панч, гизо гирифта, аз лихози экологи  тоза мебошанд. Дар дехаи Чаврез  чамоати дехоти ба номи Абди Авазов дар хочагии дехконии  «Бародарон» парвариш ёфтаанд.  Хосили  замин,  хар пагохи    ба  бозори нохияи Восеъ, бароварда мешавад. Аъзоёни ин хочаги ба кадри замин мерасанд.   Бо фарханги  баланди  заминдори, пайваста кушиш доранд, ки  барои  баланд бардоштани хосили зироат  аз  навгонихои сохаи кишоварзи  хабардор шуда,  аз  маслихати мутахасисон  истифода намоянд.    Бо хамин  тартиб,  дар хочаги    масохати се гектар замин окилона истифода карда мешавад. Мисли ин замин.   Баъди чамъоварии хосили аввал,  ин китъаи  заминро барои   кишти  такрори омода  менамоянд.

Дар чамоати дехоти ба номи Абди Авазов ба мисли хочагии дехконии «Бародарон» дар дигар хочагихои  дехкони  ва китъахои  заминхои наздихавлигии сокинон,  кишти такрори бо суръат идома дорад. Дар хочагии дехконии ба номи  «Муким»  рохбараш Абдусаттор Тавакалов, баъди чамъоварии хосили галладонаги, заминро ба кишти такрори  тайёр менамоянд.   Ин рузхои  пурсамар,  гурухи кории  макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия  дар чамоати дехоти ба номи Абди Авазов,   назди кишоварзон  хастанд. Бо аъзоёни хочагии дехконии  ба номи «Муким» оиди   хифзи саломати ва шароитхои мехнат   хамсухбат шуданд.  Дар  самти истифодаи самараноки замин,   тавсияхои  макомотхои болиро ба  сахми дехконон  расониданд.

 

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *