home Руйдодхо Видео: Заркорон. Корхои безараргардони — Восеъ

Видео: Заркорон. Корхои безараргардони — Восеъ

Бо максади амали намудани чорахои зидиэпидемики чихати пешгирии интикол ва пахншавии  сирояти нави коронавирус(Ковид-19)тибки  маълумоти  ситоди нохияи Восеъ,  гузаронидани  чорабинихои  безараргардони дар хамаи дехотхо идома доранд.  Дар  доираи амали гардидани ин тадбирхо   мо  ба  чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсов, дехаи Заркорон омадем.  Дар ин деха  дар ин самт, кумитаи махалла  бо дастгирии сохибкорон, шахсони бо нангу номуси деха ба    муассисахои тандурусти,  кумак намуда  дар  пешгирии ин бемори сахми арзанда  гузошта истодаанд. Тавре, ки мо шохиди хол шудем, бо икдоми кумитаи махаллаи дехаи Заркорон атрофу майдони муассисаи таълими, манзилхои истикоматии сокинон,  бо махлули гипохлориди натрий шуста шуданд.  Хамзамон  бо  чалби мутахассисони сироятшинос  оиди пайдоиши сирояти ковид-19 ва рохои пешгирии он  бо  сокинон сухбату вохурихо гузаронида шуда ба оилахои ниёзманд никобхои тибби таксим  намуданд.

 

Дар чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсов,   бо дастгирии кумитаи махаллаи дехаи Заркорон, маркази саломатии деха, дастгирии хамачониба ёфта, бо маводхои антисептики, никобхои тибби ва дигар маводхои безараргардони таъмин карда шуданд. Хамин гуна  тадбирхои  судманд  бо пешниходи  чамоати дехот, дастгирии шахсони  саховатпеша дар дигар  чамоатхои  дехот  амали гашта истодаанд.

 

 

 

 

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *