home Руйдодхо Видео: Зотпарвари — минтакаи Кулоб

Видео: Зотпарвари — минтакаи Кулоб

Кормандони  филиали  муасисаи Чумхуриявии хушзоткуни бордоркуниии сунъи ва хариду фуруши  чорвои зоти, дар минтакаи Кулоб, чихати рушди сохаи чорводори  ва таъмин намудани ахоли ба махсулоти гушту шири,  масъалаи зотпарвари  ва бехтар кардани зоти чорво  дар ин самт бо  мутахасисони маркази  амнияти озукавории шахри Кулоб хамкории зич доранд. Ин навбат хам вохурии онхо атрофи хамин мавзуъ мебошад.   Хамкории муфид дар маркази амнияти озуквории шахри Кулоб  дар самти  зотпарвари  ба пешравихо  мусоидат намуд.  Барои хушзот намудани  чорвои ахоли, шароитхои мусоиди кори  ва тачхизотхои замонави  фарохам оварда шуданд. Хамчунин дар самти рушди сохаи чорводори ва бехтар кардани зоти чорво кормандони марказ байни ахоли семинархои омузиши гузаронида ба натичахои  хуб ноил гашта истодаанд.  Дар ин самт ба  фаъолияти чорводории як чанд оилахо   шинос шудем.   Ин чорвохо аз чорвохои махалли хушзот карда шуданд.

Ин гусола  зоти нави  чорвои зоти  буда, бо ин бузурги  як сола мебошад. 280 килограм вазн дорад.  Бехтар шудани зоти чорво имкон додааст, ки  микдори  шир зиёд истехсол гардад. Ин навгонихо дар сохаи чорводори  сатхи зиндагии оилахоро   бехтар намудааст. Филиали муасисаи  давлатии Чумхурияви  ва хушзоткуни  бордоркунии сунъи  ва хариду фуруши  чорвои зоти  дар нохияхои минтака хам тадбирхои саривактиро амали намуда истодааст. Дар дехаи Дусти чамоати дехоти Боггаи нохияи Муминобод  мутахасисони сохаи чорводориро ба кор чалб намуда,   барои хушзот намудани чорвои ахоли  тарики бордоркунии сунъи  шароит мухаё намудааст. Дар шаш мохи соли равон дар ин нохия  тарики бордоркунии сунъи  аз чорвохои махалли ба мисли ин гусолахо  69 гусолахои  зоти  ба кайд гирифта шуданд. Назар ба соли гузашта ин нишондод  зиёд  шудааст. Бо максади  рушди сохаи чорводори ва бехтар кардани зоти чорво дар мохи июл  аз чониби мутахасисони  муасисаи Чумхуриявии хушзоткуни  бордоркунии сунъи ва хариду фуруши чорвои зоти байни ахолии чорводори нохияи Муминобод,   семинархои  омузиши гузаронида  шуданд. Хамин гуна  чорабинихо дар дигар нохияхои минтака  гузаронида мешаванд.

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *