home Руйдодхо Восеъ — Нихолшинони

Восеъ — Нихолшинони

Дар чамоати дехоти ба номи Абубабдулло Рудаки нохияи Восеъ, ин мавзеъ  шафати шохрохи Восеъ Ховалинг,  пешоруи дехаи Анористон  мебошад.  Дар ин баланди,   мавзеъи   ин  китаъи  теппа,   як сол пеш  бо икдоми  сокини деха,  Худойназар Гоибов хочагии дехконии ба номи «Бехруз» ташкил ёфта, корхои  ободонии он  ба истикболи чашни 30 солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон,   шуруъ гардиданд. Амаки Худойназар ва аъзоёни хочаги дар  масохати 10 гектар заминхои  солхо бекорхобида  бо маслихати мутахасисон   ба шинонидани нихолхои ороиши ва мевадиханда шуруъ карданд.  Бо мехнати  софдилона, аъзоёни хочаги максад гузоштанд, ки  дар  ин   мавзеъи  харобазори  теппа  бог бунёд намоянд.       Рузхои истирохати  дар ин бог бо чалби хашарчиён,   зиёда аз  400 бех нихолхои ороиши ва соафкан  шинонида  шуданд.

 

Барои обёрии  нихолхо, дар масофаи 150 метр то ин баланди   хати об кашиданд. Хавзи гунчоишаш 50 куб  сохта,  аз шохрох то ин  баланди  зиёда аз се километр  рох сохтанд. Гайр аз дарахтони ороиши дар ин бог  дар масохати як гегтар пистазор ва чормагзу зардолу  парвариш меёбад.  Бунёди бог дар ин мавзеъ,  ахамияти экологи дошта,   лагшиши хок ва эрозияи заминро пешгири менамояд. Хамчунин, ба зебоии  маркази чамоати дехот хусни нав  зам менамояд.   Ин мавзеъ дар баландии 150 метр аз дехаи Анористон вокеъ гардида, барои  мехмонон ва  сайёхон  тамошогохи  кулай  ва  чои истирохату фарогат  мебошад.   Аз ин чо манзарахои  зебои  шахри Кулоб  ва  нохияи Восеъ, мавзеъхои  саёхии   нохияхои Ховалингу, Шамсиддин Шохинро   дидан мумкин аст.

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *