home Руйдодхо Замин: Истифодаи он — Восеъ

Замин: Истифодаи он — Восеъ

Аъзоёни хочагии дехконии ба номи «Бобочон», вокеъ дар дехаи Саричашмаи  чамоати дехоти  ба номи Худоёр Рачабов нохияи Восеъ, бо истифодаи маслихати мутахасисон, дар заминхои хочаги барои гирифтани се хосил талош доранд. Яке аз ин тадбирхо  чуфти хушсифати заминхо мебошад.   Ана хамин тавр  аъзоёни ин хочаги, софдилона, мехнат карда,  кушиш доранд, ки   хар як вачаб замини дар ихтиёри хочаги  карор доштаро  самаранок истифода намоянд. Бо мехнати  хочагидорон, дар масохати ду гектар бог бунёд гардида, барои баланд бардоштани хосилнокии зироатхо,    заминхои байни каторахои нихолхоро  окилона истифода менамоянд. Боги мазкур,  хашт сол пеш бунёд гардида, ин чо зиёда аз  панч хазор нихолхои  мевадиханда парвариш ва нигоху бин карда мешаванд.  Хосили  бог, ки аз мевахои аз лихози экологи тоза мебошанд, имсол   ба  бозорхои  шахру нохия ва берун  аз он  бароварда шуданд.

 

Аз даромади хосили бог, дар хочаги чойхои нави кори мухаё  шуда, 5 нафар сокинони махали  ба чои кори доими  чалб гардиданд. Фасли зимистон хочагидорон ба корхои шаклдарории  дарахтон машгул буда, дар чойхои холиги нихол мешинонанд. Мавчудияти бог имкон додааст, ки  дар баробари  хосили он, хамчунин,  хезуми онро  хам захира намуда максаднок истифода намуда,  неруи баркро  сарфа  намоянд. Хочагии дехконии ба номи «Бобочон» дар таъмини  богкорон  ба нихолхои мевадиханда хамасола  сахми  арзанда  мегузорад. Дар масохати 4 сотих замин зиёда аз аз шаш хазор  нихолхои чормагз,  тут ва зардолу парвариш ёфта, имсол  хам  ба богкорон  ва сокинони нохия  пешниход мегардонад.

 

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *