home Руйдодхо Аксияи сабзгардони

Аксияи сабзгардони

Дар доираи  чорабинихо бахшида ба рузи президенти Чумхурии Точикистон, бо пешниходи  макомоти  ичроияи хокимияти давлатии   нохияи Восеъ, аксияи сабзгардонии мухит,  баргузор гардид.   Дар  ин чорабини, кормандони  ташкилоту муассисахо, иштирок  намуда, дар мавзеъи  Чаманистон, вокеъ дар шафати шохрохи Душанбе-Хоруг, нихолхои хамешабз, можевелник- Ардач ва нихолхои сояафкан-акатсияи сафед -онро  акокиё хам   ном мебаранд,  шинониданд.

Мутахасисони табиатшинос  мегуянд,  ки ин нихолхо ба  шароити иклими нохияи Восеъ, мутобик  мебошанд.  Мавриди зикр аст, ки  тибки пешниходи  олимони табиатшинос,  дар вазъияти таъгирёбии иклим, сабзгардонии   табиат, яке аз тадбирхои мухими экологи,   ба хисоб  меравад. Махз  дарахтон    пеши рохи вайроншавии  табиатро  мегиранд.      Ин нуктаро дарк намуда, дар шинонидани нихол,   хашарчиён  софдилона   ва  бо риояи коидахои пешниходнамудаи  олимон, амал намуданд.  Баъди нисфирузи, аксияи сабзгардони мухит, дар мавзеъи зинабог вокеъ дар дехаи Гулистон идома ёфт.  Бо сахми хашарчиён, нихолхои аз нохияи Вахдат,  оварда шуда, шинонида шуда, симои   мухити табиати ин мавзеъро  боз хам зеботар гардониданд.

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев,Худойназар Зухуров

88 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *