home Руйдодхо Арзи сипос

Арзи сипос

Чамъияти дорои масъулияташ махдуди Студияи телевизионии «Мавчи озод»аз соли 1991 ум то инчониб фаъолият намуда, дар минтакаи Кулоб ягона телевизиони хусуси мебошад.  Дар фазои иттиллотии Точикистон бо барномахои  чолиб ва инъикоси вокеъбинонаи  мавзуъхои руз, мавкеъи худро  дорад.  Бинобар сабабхои маълум, бемории коронавирус , дар ин давра  телевизиони «Мавчи озод»аз лихози  техники  ба мушкилотхои зиёд ру ба ру гардид.  Мушкилотхои мавчудбуда,   имкон намедоданд, ки барномахои  омоданамудаи кормандони мо бо сифати хуб намоиш дода шуда, пешкаши бинандагон гардад. Бо максади  халли  мушкилотхои дар ЧДММ Студияи телевизиони «Мавчи озод» чойдошта,  рохбарияти  Студияи телевизионии «Мавчи Озод»   ба   Шуъбаи Ташкилоти байналмиллалии Институти  «Чамъияти кушода — бунёди Мадад дар Точикистон   бо мактуб  мурочиат намуд.  Ин дархости мо  кабул гардид.

 

Кумаки молиявии ташкилоти бонуфузи  байналмиллали, Шуъбаи Ташкилоти байналмиллалии Институти «Чамъияти кушода»-бунёди мадад дар Точикистон, мусоидат намуданд, ки он   мушкилотхое, ки дар телевизиони «Мавчи Озод» чой доштанд,  онхо  бартараф  карда шаванд.

Дастгирии  Шуъбаи  Ташкилоти байналмилалии Институти «Чамъияти кушода»-бунёди мадад дар Точикистон ба Чамъияти дорои масъулияташ махдуди студияи  телевизиони  «Мавчи Озод» имкон фарохам овард, ки  бо видиомикшери наву замонави  пахши  барномахоро ба рох монда, сифати намоиши барномахои мо ба бинандагон дар сатхи баланд ба рох монда шавад.

Хамчунин, дар чунин рузхои ба одамон душвор оиди пешгири  ва пахншавии бемории коронавирус лоихаи  пешниходнамудаи  мо «Пандемия- коронавирус: Овози минтакахо»,  иборат аз 10 адад силсилагузоришхои телевизиони, аз чониби Шуъбаи Ташкилоти байналмиллалии Институти «Чамъияти кушода»-бунёди мадад дар Точикистон дастгири ёфта, барои кормандони эчоди, маводхои антисептики, никоб ва дигар маводхои  пешгирикунандаи ин бемори фарохам оварда шуд.

Барои чунин дастгирии башардустона,  маъмурияти Чамъияти дорои масъулияташ махдуди Студияи телевизионии «Мавчи Озод» ва  кулли кормандони он  ба рохбарияти  Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти » Чамъияти кушода»- Бунёди Мадад дар Точикистон,   арзи сипос баён менамоянд.

Сармухаррири  СТ  «Мачи Озод»  Хоча Назриев

9 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *