home Руйдодхо Бунёди толори нави варзиши — Восеъ

Бунёди толори нави варзиши — Восеъ

Ин толори варзиши дар нохияи Восеъ,  дар дехаи Шохбика чамоати дехоти Тугарак  бо пешниходи Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия ва дастгирии сохибкори махалли оилаи Амиралиевхо  сохта шуд.  Бо ин икдом, сахми  ин оила  дар  самти   корхои созандаги  ва бунёдкори  ба истикболи чашни 30 солагии истиклолияти давлатии Точикистон дар руйхати иншоотхои чашни  дар нохия  ба кайд гирифта шуд.       Пеш аз кушодашавии  толори варзиши, Устоди варзиши Точикистон, Абдухалим Лоиков, назди ин наврасон аз дастгирихои  Хукумати кишвар ва сахми сохибкорон  оилаи  Амиралиевхо  барои бунёди толори варзишии замонави дар дехаи Шохбика,  изхори минтадори баён карда,  аз наврасон даъват ба амал оварданд, ки  ба кадри неъматхои сохибистиклоли,  гамхорихои давлат  расида, дар рухияи дуст доштани ватан  ба камол расанд.

Дар дехаи Шохбика, яке аз калонтарин дехахои чамоати дехоти Тугарак , сохтмони толори варзиши орзуи деринаи сокинон буд.  Инак он руз фаро расид. Дар толори  варзишии  мазкур, 70 нафар наврасон, вобаста ба сину сол дар се  гурух   аз руи намуди гуштини  тарзи дзюдо  ба машку тамрин машгул мешаванд. Се нафар мурабиён  дар се баст ба шогирдон тамрин медиханд.  Абдухалим Лоиков, устоди  варзиши Точикистон, яке аз он  мурабиён аст.    Хамчунин дар толор  16 намуди ашёхои варзиши мухаё карда шуда, наврасон ба  варзиши бадан машгул мешаванд. Оилаи Амиралиевхо, дар баробари  толори варзиши, барои конеъ гардонидани  эхтиёчоти сокинони деха, бо махсулотхои тоза, маркази тичорати ва нуктаи нонпази сохта, пешкаши сокинони деха гардонида ба бунёди хамом огоз намудаанд.

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

48 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *