home Пандемия-коронавирус: овоз аз минтакахо «Дехот ва коронавирус» Пандемия-коронавирус. Овози минтакахо № 7.

«Дехот ва коронавирус» Пандемия-коронавирус. Овози минтакахо № 7.

Сокини дехаи Хочамумин, Тагайгул Каримова  бемории коронавирусро  аз сар гузаронидааст.  Хангоми пайдо шудани нишонахои ин бемори у ба бунгохи саломатии деха омада, аз  хусуси бемориаш  мурочиат,  намуда буд. Баъди муоина,   кормандони бунгохи саломати ба Тагайгул маслихат доданд, ки  ба маркази нохия рафта, аз ташхис гузарад.   Тагайгул бо маслихати  табибон амал намуда,   саривакт  ба табобат фаро гирифта шуд.  Баъди муолича  аз ин бемори сихат ёфт. Тагайгул  дар дехаи   Хочамумин,  зиндаги дорад. Ин деха   дар чамоати дехоти Тугарак, вокеъ буда, яке аз дехахои кухистони нохияи Восеъ   аст.    Шугли сокинони он  чорводори ва зироаткори мебошад.   Вазъи саломатии  сокинонаш, бошад тахти  назорати кормандони  бунгохи саломати карор дорад.  Бунгохи саломатии  дехаи Хоча мумин   аз се хучра иборат аст. Чор нафар кормандони миёнаи тибб  ба ахолии деха хизмати тибби мерасонанд. Дар бунгохи саломати,  Гулшан Талбакова  шахси масъул  мебошад.   Оиди вазъи саломатии  сокинони деха  ва  холати  бемории коронавирус, хар бегох, маълумотхои тозаро    ба ситоди нохияви   У  пешниход мегардонад. Дар бунгохи саломати,   коидахои бехдошти, риоя мегардад.  Барои  пешгири аз пахншавии  бемории ковид-19  ин чо   шароитхои мусоид  фарохам оварда шуданд.  Гулшан мегуяд, ки дар ин  давраи барои онхо мушкил, аз маркази саломати  ва   шахсони саховатманд  ба онхо кумак расониданд. Бунгохи саломатии дехаи Хоча мумин,ба дастгири ниёз дорад.  Мушкилоти асоси  ин нарасидани мутахасисон аст. Солиёни зиёд аст, ки деха духтур надорад. Бо вучуди ин кормандони миёнаи тибб  аз вазифае, ки назди онхо гузошта шудааст, мебароянд. Дар   самти пешгирии пахншавии бемории коронавирус  бо бурдани корхои таргиботи  байни сокинони деха,   корхои зиёдеро ба анчом расониданд.

Лола Зухурова, яке  аз  корманди миёнаи тибби ин бунгохи саломатии дехоти мебошад. Дар деха,  участкаи муаянро назорат  бурда, нафарони беморо  ба кайд мегирад.   Хамрохи У ба манзили истикоматии  якчанд нафар сокинон  мехмон шуда, аз вазъи саломати  ва пешгирии бемории коронавирус пурсон мешавем. Бо  сохиби ин манзил Чаман Суфиева,хамсухбат шудем. Сафари мо дар як кисми  кучахои дехаи Хочамумин  идома  меёбад.  Хамсухбати навбатии мо Зифнунби Мадаминова аст.Оиди саволи мо  дар бораи   пешгирии  бемории коронавирус чи маълумот дорад,  У аз хусуси  чи гуна ба ин бемори гирифтор шудану табобат  карданашро  накл кард. Лола Зухурова, гуфт, ки дар деха гирифторони бемории коронавирус,  гайрирасми зиёд буданд.Бисёре аз онхо дар холати сабук  карор доштанд. Ва тез сихат ёфтанд. Дар нохияи Восеъ, монанди  дехаи Хочамумин, 69 деха мавчуд мебошад. Дар  хар як деха вобаста ба шумораи ахолиаш марказхои хизматрасонии тибби фаъолият мебаранд. Ин марказхо зертобеъи муассисаи тибби санитарии нохия мебошанд. Дар бунгохи саломатии  дехаи Хоча мумин, бо хамин имконият,   кормандони сохаи тандурусти  омода хастанд, ки  хар як мурочиати сокинонро  кабул намуда,  дар пешгири аз  пахншавии бемории коронавирус  вазифаи  худро  ичро намоянд.

 

46 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *