home Руйдодхо Хамадони: Бахшида ба Рузи артиши милли

Хамадони: Бахшида ба Рузи артиши милли

Бахшида ба 28 умин  солгарди  рузи таъсисёбии Куввахои мусаллахи Чумхурии Точикистон, бо ибтикори  кумитаи ичроияи Хизби халки демократии Точикистон  дар нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони, дар кисми харбии  Кумитаи  Холатхои фавкуллода ва  мудофиаи граждании назди Хукумати  Чумхурии Точикистон,   чорабинихои  идона  гузаронида шуданд. Дар ин чорабини, модарон ва  наврасон, дастаи ризокорони назди кумитаи ичроияи хизб, ширкат доштанд.    Дар чамъомади тантанави бахшида ба ин санаи фархунда, раиси  кумитаи ичроияи  хизби халки демократии Точикистон дар нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони  Давлатчон Гаффорзода, шоири халкии Точикистон Алимухаммад  Муроди ва собикадорони  Куввахои Мусаллах  аз иктидори мудофиавии кишвар ва омодабошии чанги аз таёр кардани  кадрхои сохибкасбу содик ба халку давлат, рухияи ватандустиву ватанпарасти  ва худшиносиву худогохии хизматчиёни харби  гуфта гузаштанд. Кайд карда шуд, ки чавонони бонангу номус  дар чузъу томхои  гуногуни  Куввахои Мусаллах  ба Ватан- Модар содикона  хизмат карда истодаанд. Баъди чамъомади тантанави,  хайати шахси дар  гузашти  машкхои  сафорои  омодагии худро  ба химояи марзу буми  давлат, таъмини амнияти  давлату миллат  ва хифзи  суботу оромии  чомеъа, пешгирии  хар гуна тахдиду  хатархои беруни  нишон доданд.

Дар   чорабинии хизби, мехмонон  бо  шароити   хизмати аскарон, чои хоби онхо   аз наздик шинос гардиданд.  Модарон, бошанд   бо дастархони  идона ба аёдати аскарон омадаанд. Барои  мухофизони ватан, дастархони идона оростанд. Хангоми  хуроки нисфирузи хамрохи  аскарон  нишаста, аз шароитхои хизмат, хамсухбат шуданд. Дар кисмати фархангии чорабини, барномаи  идонаи  консерти пешкаши аскарон гардонида шуд.

 

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

155 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *