home Пандемия-коронавирус: овоз аз минтакахо Кумак ба оилахои камбизоат. Пандемия-коронавирус. Овози минтакахо № 10.

Кумак ба оилахои камбизоат. Пандемия-коронавирус. Овози минтакахо № 10.

Холиков  дар дехаи Сулхобод,  нафари кухансолтарин  мебошад.  96 мин бахори умраш  дар бистари бемори  мегузарад.  Дастагул Тагайназарова, келинаш,   аз вазъи саломатии муйсафед доимо хабардор шуда меистад. Болои сари амаки  Холмумин, ин  халтаи доруворихо меистанд.  Дохили  халта,  антисептику, дигар доруворихо он  маводхое мебошанд,  ки барои  пешгирии  бемории коронавирус,  амаки Холмумин кариб, ки хамаруза аз онхо  истифода менамояд.   Фарзандон мегуянд,ки вакте, ки бемории коронавирус,  пахн шуд  буд,   муйсафед,  бемор шуда, хаста  ва   иштихояш банд шуд. Фарзандон,    нишонахои бемории коронавирусро дар У диданд. Лекин ба беморхона набурданд.  Барои пешгирии ин бемори,   бо маслихати хамсари амаки Холмумин, холаи  Тунугай  Эгамбердиева испандро  истифода намуданд.  Аз хамон вакт, минбаъд тез тез ана хамин тавр   дар ин оила  испандро истифода менамоянд. Амаки Холмумин, аз бемори шифо ёфт.  Аммо мутаасифона дигар мадори аз бистари бемори  хестан накард. Хамсараш холаи  Тунугай 80 сола аст. Онхо хар ду дастнигар мебошанд. Падару модар дар нигохубини  Урозали  Холиков ягона писарашон  мебошанд.  Ин оила  зиндагии хоксорона доранд. Бо мохонаи чорсад сомонии   Урозали руз мегузаронанд.Нафакаи бобои Холмумин   ва момаи  Тунугай барои харидории дорувори  сарф   мегардад.  Ба кумак ва дастгири ниёз доранд.    Бо вучуди он ки аз вазъи шароити зиндагии ин оила  кумитаи махалла  хабардор хастанд, аммо  дар руйхати оилахои камбизоат  ин оиларо  ба кайд нагирифтанд.

Дар давраи  бемории коронавирус, бо максади пешгири аз пахншавии  ин бемори  аз чониби давлат ва шахсони саховатпеша ба беморон ва оилахои камбизоат  кумакхо расонида шуданд. Вобаста ба мурочиати сокинон,  дар шуъбаи хифзи ичтимоии нохияи Восеъ,  дар ин давра шумораи кормандонаш  аз як нафар то  чор  нафар    корманд зиёд шуданд.    Шуъбаи  мазкур, бо пешниходи чамоати шахрак ва  чамоатхои  дехот,  оилахои камбизоатро  ба кайд гирифта, кумакхои пешниходгардидаро  ба онхо мерасонад. Дар вазъияти,  бемории коронавирус, аз чониби давлат, сохибкорону шахсони саховатпеша, ба нафарони бемор ва оилахои камбизоат,   кумакхои яквактаина расонида  шуданд.  Ин кумакхо    аз маводхои хурока  ва доруворихо  иборат буда,  ба нохияи Восеъ  аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон ба оилахои  камбизоат расонида  шуданд. Хамин гуна кумакхои яквакта  ва доруворихо аз чониби сохибкорон ба марказхои саломати ва беморхонахо расонида шуданд. Лекин, аз ин кумаку дастгирихо оилаи  Холиковхо  аз дехаи Ибрат бенасиб  монданд.  Чун, ки ин оила дар руйхати  оилахои камбизоат ба кайд гирифта нашудааст.  Нишонахои сарисинагии  собикадори мехнат, вазъи саломати  ва   шароити  рузгори    оилаи  Холмумин  Холиков,  аз мадди назар дур монданд. Ба хамин монанд оилахо,  мумкин  хеле зиёд бошанд.

 

317 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *