home Руйдодхо Наврузи: Хатнасур — Хамадони

Наврузи: Хатнасур — Хамадони

Дар  доманаи кухи намаки Хоча Мумин,  дар ин дехаи зебоманзари    Дусти, чамоати дехоти Мехнатобод,  нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони, дар  доираи чорабинихои  идона, бахшида   ба   иди навруз, бо ибтикори кумитаи  ичроияи Хизби халки демократии Точикистон, маросими хатнасури  50 нафар кудакон аз оилахои ниёзманд гузаронида шуд.  Дар ин маросим рохбарияти кумитаи ичроияи хизб, дар баромадаш,  барои  баргузории ин чорабини аз  дастгирии шахсони сахотпеша ва сохибкорон аз номи кумитаи ичроияи хизб, изхори  минатдори баён карданд.   Шоири халкии Точикистон, Алимухаммад Муроди хозиринро бахшида ба иди навруз, табрик намуда, аз  навиштахои  тозаэчодашон дар васфи бахор ва навруз,  шеърхо кироат намуданд.

Дар ин маросим  барои  шод гардонидани хотири кудакон, ба оилахои онхо кумакхои  яквактаи молияви расонида шуд.  Кормандони бахши фарханги  дехот бо сурудхои  наврузи   хотири кудаконро болида гардониданд.   Бахшида ба чашни навруз хамин гуна маросими хатнасури кудакон аз оилахои ниёзманд, дар   дехаи кишлои тиллоии нохияи Восеъ,хам доир гардид.

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар  Зухуров

70 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *