home Руйдодхо Ободони — Восеъ

Ободони — Восеъ

Дар доираи  корхои ободониву бунёдкори ба истикболи чашни  фархунда, 30 солагии истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон, тибки накшаи  пешбинишуда  дар  нохияи Восеъ, чамоати дехоти ба номи  Мирзоали Вайсов дар дехаи Чорбог бо чалби сохибкорон  ва  иштироки сокинон  тарики  хашар  сохтмони  купрук  шуруъ гардид.  Купруки пешина,ки танг буд,  барои гардиши воситахои наклиёт  душвори   пеш меовард. Корхои сохтмонии пулли мазкур, бо пешниходи чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсов  рохандози гардида,барои иштироки фаъолона дар корхои ободонии махал аз номи рохбарияти чамоати дехот, ба иштирокчиён изхори минтадори баён карда шуд.  Тибки итилоъи, чамоати дехот, баъди анчоми кисмати аввали корхои сохтмони, болои  пул  мумфарш карда мешавад.

Дар дехаи Чорбог, дар як вакт бо дастгирии чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсов ва сахми сокинон дар ду махаллаи деха сохтмони хати оби нушоки барои таъимини эхтиёчоти 150 хочаги идома дорад. Дар ин самт корхонаи фаръии сохтмонии «оби дехот» ба хашарчиён, кумак расониданд. Сокинони дехаи Чорбог, барои дар сатхи баланд истикбол гирифтани чашни 30 солагии истиклолияти давлатии Чумхуриии Точикистон, бо ташабусхои созанда, масофаи ду километр рохи махалиро сангфарш намуда, дар шафати рохо зиёда аз сесад нихолхои сояафкан шинониданд.

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

16 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *