home Руйдодхо Омодагихо ба кишти бахори — Восеъ

Омодагихо ба кишти бахори — Восеъ

Ин нихолхои пахта, кишти такрори буда,   сардихои  мохи январо  гузарониданд.    Аъзоёни  хочагии дехконии ба номи Рахматулло  дар чамоати дехоти ба номи Абди Авазов дар нохияи Восеъ, бо вучуди номусоид омадани тирамоху зимистон, ноумед нашуда, нимаи дуюми мохи январ хосили бокимондаи кишти такрориро  чамъовари  менамоянд.  Бо мехнати аъзоёни хочаги  рузхои 15 ум ва 16 уми январ  ба кадри се тона пахта  чамъовари намуданд.

Хочагидорон, максад доранд, ки   баъди чамъоварии хосили пахта, хар чи тезтар  заминро  аз гузапая тоза  намоянд.    Дар ин хочаги,  истифодаи самараноки замин ба рох монда шудааст.  Аз рузхои мусоиди фасли зимистон истифода  намуда, дар заминхои аз гузапая тоза кардашуда чуфти босифат гузарониданд.    Бо тавсиаи мутахасисон,    ин заминро барои кишти пунбадона омода менамоянд. Дар ин китъаи замин, галладонаги кишт карданд.  Тибки   дурнамо, хочагидорон,максад доранд, ки баъди  чамъоварии хосили галла,   дар кишти такрории замин кишти пунбадонаро ба рох монанд. Дар ин самт онхо аз тачрибаи  гирифтаашон,   истифода намудани хастанд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

8 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *