home Руйдодхо Пайки Наврузи — Хамадони

Пайки Наврузи — Хамадони

Дар арафаи чашни иди навруз,    бо икдоми кумитаи ичроияи хизби халки демократии Точикистон   дар нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони, аксияи  хизби, тахти унвони  «Пайки наврузи»  доир гардид.   Ин чорабини, бо иштироки     занону  духтарони хунарманди нохия,  ана хамин гуна бо таёр намудани  яке аз таомхои маъмули  наврузи,   суманак,  шуруъ гардид.    Дар минтакаи Кулоб суманак- ро бо чунин восита,   куфта майда  мекунанд.  Ин анъанаи ниёгон    аз насл ба насл  расида то имруз  идома дорад.                         Занони фаъоли нохия, вакилони мачлисхои махалли аз намояндагони хизб, аъзоёни ташкилоти чамъиятии «Созандагони ватан»бахшида ба навруз  таоми наврузи  суманак,  омода намуданд. Дар гушаи дигар, бахшида ба навруз, духтарон пирохани наврузи ба ба бар намуда, ин чашни ниёгонамонро бо хондани шеъру таронахо истикбол намуданд. Дар пухтани суманак занону духтарон  бо хам  омада, бо хондани суруди анъанавии суманак  чубдастаро  тоб медоданд.

Бо  хамин тарз пухтани ин таоми наврузи идома ёфт.  Суманак омода шуд.  Дар чунин зарфхо, суманак ба даст, занон ва духтарон иштирокчиёни аксия, бахшида ба навруз  дар  рахпаймои  иштирок  намуда,  аз кучахои шахрак , бо суманак   гузаштанд. Хамчун,  рамзи бахор ва навруз ба сокинон суманак,  таксим карданд.                   Рахпаймоён, рамзи бахору наврузро аз  назди бинои  хизби то бинои макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия расониданд. Дар чамъбаст дар  майдони марказии нохия, ба номи Исмоили Сомони  базми наврузи оростанд.

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар  Зухуров

67 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *