home Руйдодхо Паради харби

Паради харби

Дар доираи чорабинихо бахшида ба чашни си солагии  Истиклолияти давлатии  Чумхурии Точикистон, дар нохияи Восеъ,  паради харби дар сатхи баланди омодагихо    доир карда шуд. Дар кисмати расмии  ин чорабинии бошукух, бо хузури намояндаи Хукумати Чумхурии Точикистон, Вазири  молияи Точикистон  ва хузури собикадорони мехнат  ва иштирокдорони  хамоиш,  раиси нохияи Восеъ, хозирин ва  сокинони нохияро бахшида ба си солагии  Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон табрик намуданд. Дар маърузаи раиси нохияи Восеъ, музаффариятхое, ки дар ин давра дар сохахои  хаёти иктисоди, ичтимои  ба даст оварда шуданд, кайд карда шуданд.  Бо анчоми  маърузаи расми, сипас  дар мухити идона, паради харби   шуруъ гардид.Фармондехи  паради харбиро комисари  харбии нохияи Восеъ, ба ухда дорад. Ба майдон байраки  чанги ворид  шуда, нахуст, афсарону  сарбозони  кисми низомии  13483 Вазорати Мудофиаи Чумхурии Точикистон, мегузаранд.     Дар саф, кормандони  шуъбаи  Вазорати  корхои дохилии  Точикистон дар нохияи Восеъ, мебошанд. Ниходи мазкур, аз сохторхои мухими  кудратии кишвар махсуб ёфта, дар хифзи  тартиботи чамъияти ва амнияту субот накши  калон доранд.

Дар паради харби, аъзоёни  ташкилотхои чамъиятии фронти халки, «Хомиёни ватан», иттиходи  чанговарони башардуст, аз майдон гузаштанд.

Ин  дастахо,   захирахои  нохиявии мудофиаи  худуди аз чамоати дехоти ба номи Худоёр Рачабов  ва дигар чамоатхои дехоти нохия мебошанд.

Ин кисмати паради харби бо гузашти наклиёти харби мошинхои харбии тасмачарх ва гирдчарх     иктидори мудофиавии кишваро нишон доданд.

 

Гузориши хоча Назриев, Худойназар Зухуров

40 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *