home Руйдодхо Пешгири ва рафъи холатхои фавкуллода — Восеъ

Пешгири ва рафъи холатхои фавкуллода — Восеъ

Бо максади пешгири  ва рафъи холатхои фавкуллода,  аз огози   мохи   феврал, дар нохияи Восеъ,  хашархои дастачамъи  огоз ёфтанд.  Дар чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиев  бо чалби хашарчиён ва кормандони  идораи обёри ва бехдошти замин, ин китъаи  канали  «Танобчи», ки дар холати садамави карор дошт,корхои таъмиру баркарорсозии  он шуруъ гардид.   Канали мазкур ахамияти стратеги дошта, манбаи  захира намудани оби канали  Селбур барои обёрии заминхои  кишоварзи  ба хисоб меравад.

Дар ин руз  дар чамоати дехоти Гулистон, тарики хашар чуйборхои  обпартои дехаи Мехробод аз партовхо тоза карда шуданд. Дар дехаи Навбахор  чамоати дехоти Тугарак  бошад,  бо  дастгирии сохибкорон  ва  чалби хашарчиён, рохи байни дехот таъмир карда шуда, корхои сангфарш намудани   он  огоз  ёфтанд.  Исуф  Саидов  хамрох бо сокинони деха, ба хашар баромада, дар корхои ободонии деха сахми худро мегузоранд.  Дар хашархо  дар баробари мардон, занон хам сахмгузор шуданд. Дар мавзеъхои теппахои дехаи Чордара чамоати дехоти  Тугарак бо чалби ин занон сад бех нихолхои мевадиханда шинонида шуданд. Дар маркази нохия бошад, дар боги фарханги истирохати бо чалби кормандони корхонаи фаръи давлатии  хочагии манзилию коммунали дарахтони сояафкан,  шинонида шуданд. Тибки итилоъи сардори  шуъбаи Кумитаи холатхои фавкуллода ва Мудофиаи граждани  дар нохияи Восеъ, дар  хашархо  183 нафар  коргарони муассисахо, 413 нафар  аз хисоби  ахоли, иштирок намуда,1067 метр захбуру захкашхо  тоза карда шуданд.

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

53 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *