home Руйдодхо Сафари кории Пешвои Миллат

Сафари кории Пешвои Миллат

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулху вахдати Милли, Пешвои Миллат, Президенти Чумхурии Точикистон  мухтарам, Эмомали Рахмон,  бахшида ба чашни 30 солагии Истиклоли давлатии Чумхурии Точикистон,  бо иштироки намояндаи Хукумати Точикистон, Вазири молияи Точикистон, дар нохияи Восеъ,  дар дехаи Кадучи  чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсов, бинои  нави маркази  саломатии Кадучи №3  мавриди истифода карор дода шуд. Иншооти мазкур,  бо пешниходи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ  ва чалби сохибкорони  махалли, сохта  шуда, аз   ду ошёна иборат мебошад.   Дар маркази саломати, хучраи дандонпизишки, хучра барои   эмгузарони, хучраи  барои  доругузарони, тибби оилави  ба рох монда шуда,   хамаи  хучрахо  бо тачхизотхои  муосири тибби  мучахаз гардонида шудаанд.

Дар ин рузи фарахбахш, хам барои табибон ва хам сокинони  ин  дехот,  намояндаи Хукумати Чумхурии Точикистон, Вазири молияи Точикистон   бо сокинони ин  дехот, хамсухбат шуда, бахшида ба чашни  сиюмин солгарди  Истиклоли давлатии  Чумхурии Точикистон,  саломи гарму самимии  рохбари давлатро  ба онхо расониданд. Дар ин руз бо иштироки  намояндагони  Хукумати Чумхурии Точикистон, Вазири молияи  Точикистон ва бо иштироки  Вазири тандурусти  ва хифзи ичтимоии ахоли  дар дехаи Тоскалъа,  чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиев,  иншооти нави ичтимои, хусуси   маркази ташхиси табобати, маркази саломати ва таваллудхона ба номи «Фазила» мавриди истифода карор дода шуд. Иншооти мазкур бо пешниходи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ ва дастгирии  сохибкори махалли  Холбобоев  Фарход сохта шудааст. Дар ин марказ хучрахои кории табибон барои расонидани  хизматрасонии тибби ба ахоли бо тачхизотхои муосири тибби  мучахаз гардиданд. Тибки итилоъ, дар ин марказ вобаста ба хизматрасонии тибби  21 нафар мутахасисон ба кор чалб карда мешаванд. Дар пахлуи  бинои асоси, хамчунин  бинои ташхисгох иборат аз се ошёна, дорухона ва ошхона  мавриди истифода карор дода шуд.

 

 

Гузориши Хоча Назриев,Худойназар Зухуров

118 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *