home Руйдодхо Тачдиди шабакахои барки — Восеъ

Тачдиди шабакахои барки — Восеъ

Фасли зимистон, баркчиён назар ба дигар мавсими сол, серкор хастанд. Дар  тавозуни шабакахои барки нохияи Восеъ, дар 69 деха, 359 адад, трансформатор ба кайд гирифта шуда, аз чониби ин муассиса, зери назорати доими карор доранд. Ба сардии хаво нигох накарда,  фаъолияти хамаи онхо  мунтазам ба рох монда шудааст.    Хамаруза,  гурухои кори барои корхои таъмири чори  ва  назорати фиристонида мешаванд. Дар ин руз хашт гурухи кори  иборат аз 32 нафар, тибки фармоиш ба корхои таъмири сафарбар гардиданд.  Баркчиён кушиш доранд, ки трансфоматорхоро дар холати хуби кори нигох дошта, сифати хизматрасониро ба ахоли  дар сатхи хуб нигох доранд. Рохбарияти шабакахои барки нохия, гуфтанд, ки баъди Мурочиатномаи Хукумати кишвар оиди истифодаи сарфакоронаи  неруи барк, бо чалби намояндагони макомотхои хифзи хукук, гурухои кори таъсис дода шуда, бо  сокинон, сохибони дуконхои нонпази ва каноди корхои фахмондадихи гузарониданд.

Зеристгохи нохияи Восеъ, яке аз калонтарин зеристгох  дар минтакаи Кулоб ба хисоб рафта,аз хамин чо нохияхои Восеъ, Темурмалик ва Балчувон бо кувваи барк таъмин карда мешаванд.  Бо дастгирии Хукумати мамлакат, лоихаи  корхои азнавсозии   азнавсозии шабакахои барки нохияи Восеъ, имсол шуруъ гардид. Зеристгохи Восеъ, азнавсози карда мешавад. Дар ин кутихо тачхизотхои замонавии истехсоли Итилоё ва Олмон тачхизотхои пешинаро иваз менамоянд. Азнавсозии зеристгохи Восеъ,  истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи баркро нигох дошта, талафоти  неруи баркро кохиш медихад.

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

12 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *