home Руйдодхо Таёрии техникаи кишоарзи ба кишту кори бахори — Восеъ

Таёрии техникаи кишоарзи ба кишту кори бахори — Восеъ

Ин мошинолотхои  сохаи   кишоварзи,  технологияи навтарин ба хисоб рафта, чои мехнати дастиро иваз менамоянд. Дар  чорабинии   таъмир ва таёрии  мошинолотхои кишоварзи  ба мавсими кишту кори бахори дар  нохияи Восеъ, имсол   чамоати дехоти ба номи Худоёр Рачабов,   ин навгонихоро    ба намоиш гузошта,  барои истифода  пешкаши кишоварзон  гардонид.  Начмиддин  Хасанов  бо собикаи  30 солаи механизатори, тарзи кории ин мошинолотхоро аз худ намудааст. Дар хамоиш, бахшида ба мавсими огози   кишту кори бахори  дар нохияи Восеъ,  хамрох бо  навгонихо  дигар, чунин    мошинолотхои  кишоварзи, пешниход гардиданд.   Ин  мошинолотхоро,   корхонаи  давлатии  «Точикагролизинг»  пешниход   намудааст.

Дар ин каторахо, бошанд,  мошинолотхое, ки дар хочагихои дехконии худуди,    чамоатхои дехоти нохия ба кайд гирифта шудаанд,  истодаанд.  Намояндагони раёсати кишоварзии минтакаи Кулоб, мутахасисони сохаи кишоварзи  ва шахсони масъули  сохаи кишоварзии нохия,    холати таъмир ва таёрии  техникахоро аз назар гузарониданд. Тибки  муоинаи техники,  масъулини   соха  муаян намуданд, ки  техникахои кишоварзи,  дар холати хуби  омодаги карор дошта, механизаторон ба мавсими имсолаи  кишту кори бахори  назар ба соли гузашта омодагии  бештар дидаанд.  Дар чамъбасти  чорабини   чонишини аввали раиси нохияи Восеъ, Шерали Хасанзода,  кайд намудаанд, ки  кишоварзони нохияи Восеъ, ба мавсими кишту кори бахори пурра таёр буда,  барои ичрои хадафхои  стратегии давлат дар самти  таъмини амнияти озукавори, истифодаи  самараноки  замин омода мебошанд.  Бо чунин таманиётхо, аз номи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия,  якчанд нафар  фаъолони сохаи кишоварзи, бо сипоснома  кадр карда шуданд.

 

 

Гузориши   Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

143 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *