home Пандемия-коронавирус: овоз аз минтакахо Ташкилотхои чамъияти дар мубориза бо коронавирус Пандемия-коронавирус.Овози минтакахо № 8.

Ташкилотхои чамъияти дар мубориза бо коронавирус Пандемия-коронавирус.Овози минтакахо № 8.

 

Пари Разокова, котиби  бахши чамъияти  Хилоли Ахмари Точикистон  дар нохияи Восеъ, аст.  У ва  ин ризокорони  чамъият,  дар самти  пешгирии сироятёби  аз бемории коронавирус  дар нохияи Восеъ,    фаъолияти босамар  бурда истодаанд.   Аз рузхои аввали пайдоиши ин бемори дар ин самт корхои зиёдеро ба анчом расонидаанд.        Бахши чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон  дар нохияи Восеъ, хамчун ташкилоти  чамъияти бо чалби ризокорон фаъолиташро ба рох мондааст.  Дар хамаи чамоатхои дехот ризокорони чамъият,  фаъолият намуда, кумакхои худро ба ниёзмандон мерасонанд. Дар давраи  бемории коронавирус, яке аз корхое, ки  ризокорон анчом доданд,  ин бурдани корхои оммафахмони миёни ахоли,  оиди пешгирии бемории коронавирус  ва  риояи коидахои бехдошти мебошад.   Бо максади шиносоии наздик  аз фаъолияти ин чамъият, хамрох бо  ризокорон  дар яке аз чорабинихо   иштирок  намудем.  Тадбири мазкур, бо максади пешгирии сироятёби аз бемории коронавирус  байни ахоли, дар кучаву махаллахо манзилхои истикомати  рохандози гардид.

Ризокорон, бо сокинон, халимона хамсухбат шуда, мохияти максади худро  ба ахоли фахмониданд. Бахши чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон, дар нохияи Восеъ, дар самти пешгири аз сироятёбии бемории коронавирус  дар баробари  бурдани  корхои   таргиботи хамчунин дар ин самт  ба ахолии ниёзманд, марказхои саломатии дехоти,   кумак  расонидааст. Дар доираи  хамин тадбирандешихо, ба маркази саломатии  дехаи Восеобод, хам яхдон, тарозу  ва маводхои антисептики расонида шуданд. Ин маркази саломати  ба ин  ашёхо ниёз дошт. Кумаки  дигари  бахши чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон дар нохияи Восеъ, ин дар доираи лоихаи «Андешидани  чорахои зарури бо максади пешгирии сироятёби  аз Коронавирус( ковид-19) дар Точикистон ин расонидани  маводхои гизои мебошад. Ин лоиха ана хамин тавр амали гардид. Ин лахзахо  аз рафти таксимоти  маводхои гизои ба ниёзмандон  наворбардори шудааст. Хамзамон бо дастгирии Хилоли  Ахмар,дар ин давра  дар нохияи Восеъ,  ба нафарони ниёзманд  ва бешугл, барои пеш бурдани шугли муаян,   мошинахои дарздузи  дода шуданд. Дар нохияи Восеъ,ташкилотхои чамъияти бисёр ба кайд гирифта шуданд.  Вале,  дар  самти  пешгирии сироятёби  аз бемории коронавирус, ( ковид-19) аз ташкилотхои чамъияти  танхо фаъолияти бахши чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон  чашмрас хасту халос.

 

143 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *