home Пандемия-коронавирус: овоз аз минтакахо Вакилони махалли дар давраи коронавирус. Пандемия-коронавирус.Овози минтакахо. № 5

Вакилони махалли дар давраи коронавирус. Пандемия-коронавирус.Овози минтакахо. № 5

Диловар Ибодов, вакили мачлиси чамоати дехоти Тугарак  мебошад.  Дар давраи  бемории коронавирус, аз  фаъолияти мехнатиаш, дур нашуда  дар дехаи Ибрат байни сокинон, интихобкунандагонаш оиди пешгири ва пахншавии  ин бемори  корхои таргиботи мегузаронад. Аз руи имконият, мисли имруз  ба оилахои ниёзманд маводхои антисептики  таксим мекунад. Дар чамоати дехоти Тугарак, 7 деха мавчуд аст. Байни онхо дехаи Ибрат яке аз калотарин дехахо мебошад.   Ин наворхо аз Мачлиси навбатии  чамоати дехоти Тугарак, як руз пеш аз соли нав   сабт гардидааст. Ин одамон,  вакилони Мачлиси махалли  намояндагони  дехот  хастанд. Байни   вакилони мардуми,  чои  Диловар,  дар сафи пеш аст.  Вакилони Мачлиси  махалли аз натичаи корхои анчомдодаашон  дар махал оиди пешгирии бемории коронавирус  хисобот медиханд. Диловар, корманди хизби аст. Вобаста ба фаъолияти кори имкон дорад, ки  малакаи касбии худро баланд бардорад. Дар самти фаъолияти вакили аз тачрибаи вакилони Мачлиси Намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  истифода менамояд. Аз хамин сабаб дар чунин чамъомаду вохурихо иштирок менамояд.

Дар ин вохури аз  фаъолияти вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  дар давраи коронавирус  вакили мардуми итиллоъ дод. Ба он нигох накарда, ки    бемории коронавирус  хуруч дорад,  вакилони Мачлиси Намояндагони  Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар махалхо бо вакилони мачлисхои махалли ва сокинон вохурию мулокот мегузаронанд.Дар ин   мулокот , ки  дар дехаи Кадучи чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсов гузашт, вакилони Мачлисхои махалли иштирок доштанд.  Абдулхамид Назаров, вакили Мачлиси чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсов мебошад.Дар ин гушаи таргиботи, ки хамчун вакил онро Абдулхамид сохтааст, оиди бемории коронавирус, рохои пешгирии он маълумот пайдо намудан мумкин аст.   Гайр аз ин бо икдоми Абдулхамид дар махалахои дехаи Кадучи корхои безараргардони  анчом дода шудаанд. Дар  давраи коронавирус, фаъолияти вакилии худро  Абдулхамид дар хамбастаги бо вакили мачлиси вакилони халки нохияви, Хикматулло Хомидов ба рох мондааст. Хикматулло Хомидов, хамчун вакил, рохбари гурухи кории ситоди   нохияви оиди пешгири ва пахншавии бемории коронавирус  дар чамоати дехоти ба  номи Мирзоали Вайсов мебошад. Дар давраи бемори  вакилони  Мачлисхои махалли, аз гармхонахо дидан намуда, истифодаи самараноки заминхои наздихавлигиро ба ахоли тавсия медиханд.   Кахрамони гузориши мо Диловар  Ибодов, вакили Мачлиси махалли,   дар самти   пешгирии бемории  коронавирус  корхои зиёдеро ба анчом расонидааст. У мегуяд, ки   риояи коидахои бехдошти  гарави  саломатии одамон мебошад.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *