home Занони деҳот Занони дехот № 1. Раккоса (Занон ва фарханг)

Занони дехот № 1. Раккоса (Занон ва фарханг)

Шаробгул  Хайруллоева, корманди  бахши фарханги нохияи Восеъ  аст. Чехраи кушод ва устуворона  кадам монданаш  дар рох ба суи  ин даргох  гувохи он аст, ки ин  макон барояш азиз  аст.     Дустони наздики У хамкоронаш мебошанд.  Уро хамин тавр, мисли имруз  хамеша, гарм истикбол мегиранд.  Шаробгул, аз байни санъатхо,   раксро интихоб намудааст. Ин лахзахо, аз фаъолияти кории У  дар касри фарханг мебошанд. Хамрохи коргардон, барои  чорабинии  идона,   барномаи раксиро мухокима менамоянд. Шаробгул мехохад, ки  барномаи раксии гузоштаи У   диккати  тамошобинонро чалб намуда, писанди онхо гардад.   Завк ба  ракс, барои   Шаробгул, ин  духтараки дехоти,   рохи толорхои калонро кушод.  Бо хунармандони  маъруфи точик, уро шинос гардонид, ки дар оянда Шаробгул пахлухои гуногуни ракси миллиро  аз худ намуд. Дар бахши фарханги нохияи Восеъ хамрохи Шаробгул, ин занон  аз дехот хастанд.   Инхо сарояндагон, китобдор, рассом  мебошанд. Занони дехот  дар чорабинихои фарханги, сатхи нохия, вилоят ва Чумхури  фаъолона иштирок намуда, дар муарифии  фарханги  милли,   сахми арзанда доранд. Шаробгул зодаи дехаи Файзобод,  чамоати дехоти Гулистони нохияи Восеъ аст. Дар  дехаи Мехробод, назди мактаби санъат,  рохбари махфили «ракс» шуда,  кор мекунад.

 

Ба ин  духтарони дехоти,  нозукихои ракси миллиро ёд медихад. Духтарон,  ин навбат ба иди навруз омода мешаванд. Ракси онхо, бо сару либоси милли  мазмуни рамзи бахору наврузро бояд ифода намояд. Дар махфили ракси мактаби санъат, ин духтарон шогирдони навбатии Шаробгул хастанд. Аз инхо пештар, шогирдони У мактаби  раксро хатм карда рафтанд.  Як чанд нафар рохи санъатро пеш гирифта дар бахшхои гуногуни фарханги кор мекунанд. Баъди  фаъолияти кори, ин лахзахо аз  манзили истикоматии Шаробгул руи навор омадаанд. Ин сару либосхои идонаро барои иштирок дар базми наврузи худаш духтааст. Бо хамин либосхои милли  максади  дар сахнаи калон  рамзи  бахорро раксидан дорад.  Тавре огох шудем, У хунари дузандаги хам дорад. Хамин гуна,  куртаву либосхои чакан ва  курогиро зебо   медузад. Мехнати 42 солаи Шаробгул дар сохаи фарханги Точикистон бо  ин нишонахои сарисинаги кадр карда шуданд. Ин нишони сарисинагиро аз иштирок дар фестивали  хунархои мардуми фолклори дар  давлати Полша ба У такдим карданд. Ин нишона бошад, барои муарифии ракси милли точики  аз сафархои хунари дар шахри Москва мебошанд. Шаробгул  хамрохи шахараш хар ду хунарманд хастанд.  Ин расм, хамрохи шавхараш аз давраи чавонии онхо хотира  аз он даврони ширин, ёдовари мондааст. Шаробгул шаш фарзандро ба воя расонида, имруз хамрохи келин ва наберааш зиндаги дорад.   Садои дутору таблак, доираву гижжак дар ин хона  хамеша шунида мешавад. Хамсояхо хунари  ракси Уро мепазиранд.  Шаробгул,   орзу дорад, ки таввачухи мардум аз нав ба ракси милли  зиёд гашта, толорхо пур аз тамошобинон гардад.  Мисли давраи чавонии  у  мухлисон  хар як баромади хунармандонро бо кафкубихо  истикбол менамуданд.

 

173 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *