home Қиссаҳои мардуми кӯҳистон Ашагулон дар Лангар. Киссахои мардуми кухистон.

Ашагулон дар Лангар. Киссахои мардуми кухистон.

То дехаи Лангар, мо   аз  шахри Кулоб гузашта, чониби нохияи Муминобод  рох пеш гирифтем. Ин рохи Муминобод аст. Соли 2021 аз нав сохта шудааст. Наздик ба дехаи Кипчок, ин гардиш моро ба дехаи Лангар мерасонад. Ба диккати саёхон расонидаем, ки  аз ин чо то дехаи Лангар масофа 8 километр мебошад.  Лекин бо сабаби вайронии рох  ин масофаро мо дар як соат  тай кардем.Дар ин минтакаи  рох   ба мо лозим омад, мошинро тела дода  аз чукурихо гузаронем. Ронандахо аз вазъи рох доимо шикоят доранд. Мурочиати онхо халли худро пайдо накардааст. Нихоят ба деха расидем. Дехаи Лангар,аз баланди. Ин чо 200 хочаги зиндаги дорад. Шугли сокинон, чорводори ва зироаткори мебошад. Тиллокори хам мекунанд. Сангови ин мавзеъ тиллои  сифати оли  дорад.Мавсими тиллокори мохи июл шуруъ мегардад. Лангар як мактаби  миёна дорад. То инкилоб ин деха  номдор, макони илму  маърифат дар   минтакаи Кулоб буд. Оромгох, дар ин шакл аст. Ин чо шохи хомуш ва фарзандонаш хобидаанд.Нафароне, ки ин чо  зиёрат меоянд, хамин чо фотиха мехонанд. Лекин, сагона, аслаш  дар таххонаи оромгох аст. Бо хохиши мо, дари таххонаро кушоданд.

 

Мо дохили таххона сагона мегардем. Дар ин чо часади Шохи Хомуш, устухонхо  мондаанд. Болои сагона, бо чунин чубхо пушонида шуданд. Чолибияти дигари  оромгох ин сангхои  канори он гузошта шуда хастанд. Хачман калон, суфта ва зебо мебошанд. Мегуянд, ки сангхо аз  хамон вакт, аз давраи шохи хомуш ин чо гузошта шудаанд. Аз кучо овардани   онхо  маълум нашудааст.  Ин  бино бошад, масчиди шохи хомуш аст. Ривояте, хаст, ки сабаби ба Хатлон ташриф овардани  Мир Саид Алии Хамадони,  ин зиёрати шохи хомуш аст Масчиди шохи хомуш.  Ин зебои бо санъати баланди меъмори  хазор сол пеш сохта шудааст.Тибки итилоъи манба, 140 сол пеш таъмир шудааст. Баъди омадани хокимияти  шурави масчидро бастанд. Ба анбори  галла  табдил доданд. Амаки Чумахон мегуяд, ки  тадбири мазкур  масчидро аз вайрони рахо кардааст. Соли 1941 бо як фармони Сталин масчид дуюмбора  кушода шуд. Таърихи пайдоиши номи Лангар хам, ба  шохи хомуш  нисбат дорад. Кучахои Лангар холо чунин хастанд. Лекин, кисса мекунанд, ки хонахои Лангариён як хел сохта шуда буданд ва   болои бомхои хонахо, бом ба бом  одамон рох мегаштанд. Чанорхо аз хамон давра мондаанд. Аз чор осиёби таърихи  хамин яктоаш боки мондааст. Бо гузашти солхо  таъмир гардида симояш таъгир ёфтааст. Тарзи кораш  хамон тавр, кадими  мондааст. Ин занон ба пухтани нону кулчахо  машгул хастанд. Дар аксар хонахои Лангариён хамин гунна танур мавчуд мебошад. Дар дехаи Лангар, хуроки  субхонаро   аз махсулотхои шири  тайр менамоянд. Каймоку ширчои Лангаро дар Муминобод хуб медонанд. Санъати чакандузи шугли дигари занону духтарони Лангари мебошад. Аз кадим то имруз ин анъанаи ниёгон идома дорад. Ашагулон, яке аз маросимхои  мардуми мебошад, ки  сокинони Лангар, хангоми  бебориши омадани иклим, онро ба чо меоранд. Онхо андеша доранд, ки ин тадбири онхо табиатро бедор сохта хато натича хам додаст.

87 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.