home Руйдодхо Истирохатгохи тобистона

Истирохатгохи тобистона

Бо максади ичрои карори  Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи  ташкили истирохати  тобистонаи  кудакон  ва наврасон  дар соли 2022,  дар нохияи Восеъ, дар давраи таътили  тобистонаи мактабиён,  назди муассисахои таълими лагерхои  истирохати фарогати ташкил ёфта, фаъолияти худро  ба рох монданд.      Бо максади шиносои бо шароитхои истирохату фарогати  кудакон   дар нохияи Восеъ   мо    ба    як чанд  лагерхои истирохатии  назди  мактаби  ташриф овардем. Дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №15  вокеъ дар дехаи Тоскалъа 50 нафар кудакон аз зинаи тахсилоти ибтидои   ба истирохатгохи назди мактаби чалб карда шуданд.  Дар ин муассиса, фаъолияти лагери истирохати   аз руи накшаи муаян ба рох монда шуда, тибки он  кудакон  дар баробари машгулиятхои бози хамчунин ба расмкаши  ва мутолиаи китобхои бачагона  равона гардидааст. Дар дагер кудакон як вакт,   нисфирузи  бо хуроки гарм таъмин карда шуданд.

Дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №2 вокеъ дар дехаи Арал, хам фаъолияти лагери истирохатии назди мактаби аз рузи 16  уми июн огоз гардид. Тибки итилоъи рохбарияти муассиса,  лагери истирохати бо чалби    омузгорони ботачриба    ба рох  монда шуда,  дар даври аввал  24 нафар кудакон ба истирохатгохи назди мактаби чалб гардиданд.

Дар  муассисаи тахсилоти миёнаи умумии  №11 вокеъ дар дехаи Тугарак дехоти Тугарак  дар давраи аввали  лагери истирохати 24 нафар  кудакон ба истирохат чалб карда шуданд. Дар муассисаи таълимии №20  бошад вобаста ба имкониятхои мактаб   70 нафар кудакон ба истирохатгохи наздимактаби чалб карда шуданд.

   

Дар нохияи Восеъ, дар  давраи аввали лагери истирохати  480 нафар кудакон чалб гардиданд.     Лагерхои истирохатии наздимактаби  дар се давра ба рох монда шуда, мохи август   чамъбаст мегардад.

     

Гузориши Хоча  Назриев,  Худойназар Зухуров.

55 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.