home Руйдодхо Эхёи боги кухна

Эхёи боги кухна

Дар дехаи Хучархии дехоти ба номи Абди Авазов нохияи Восеъ, ин наворхо аз рафти нихолшинони, аввалхои мохи апрел,  сабт гардиданд. Аъзоёни хочагии дехконии  ба номи «Турди» барои   эхё намудани боги кухна, дар ин мавзеъ дар масохати 8 гектар замин, нихолхои мевадиханда, себ,  нок,  бодом,  чормагзу, гелос шинониданд. Инак бо максади  бохабар шудан аз холати нихолхо,  нимаи дуюми мохи май мо маротибаи  дигар ба дехаи  Хучархи  ба  ин мавзеъ  ташриф овардем. Аз дидани ин манзарахо хеле шод хам шудем. Кариб,хашт  хазор,  нихолхое, ки бо иштироки мо, сахмдорони хочаги  шинонидаанд,  дар холати хуби нашъунамо карор доранд. Тавре, ки богкорон итилоъ доданд, баъди шинонидани нихолхо,аз руи тавсияи мутахасисони  раёсати кишоварзии нохияи Восеъ,    амал намуда, ба натичаи назарас ноил гардиданд.

Бо максади истифодаи самараноки замин,  байни  каторахои нихолхои бог, коридани загир,  яке аз тавсияхои  дигари  мутахасисони  сохаи кишоварзии нохия, мебошад. Майдони богро  нихолхои загир  сабзу хурам  гардонида, нами заминро нигох доштааст. Дар ин заминхои  лалма,  хочагидорон, аз хар як вачаб замин окилона истифода карда,дар баробари загир, полезихо хам кишт намуданд.

Тибки итилоъи раёсати кишоварзии нохияи Восеъ,  парвариш ва нигохубини  дарахтоне, ки  дар  мавсими  имсола  шинонида шудаанд,  тахти назорати ин соха карор дошта,  бо мурочиати богкорон  мунтазам тавсияхои мутахасисон  расонида мешаванд.

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

171 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.